Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Eutelsat" телевизиони русии Гурҷистонро қатъ кард


"Eutelsat"-моҳвораи фаронсавӣ пахши барномаҳои шабакаи русизабони телевизиони Гурҷистонро қатъ кардааст. Ин телевизион ба тозагӣ ба пахши барномаҳояш ба забони русӣ оғоз кардааст. Сабаби қатъи пахши барномаҳо аз тариқи моҳвораи "Eutelsat" ин будааст, ки гӯё Русия ба Фаронса барои пахши барномаҳои ин шабака фишор овардааст. Ин шабака бо номи "Кафказ-1" моҳи январ ба пахши барномаҳояш шурӯъ кард. Хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, "Eutelsat" баъд аз имзои як қарордоди пурдаромад бо ширкати моҳвораии "Intersputnik"-и Русия пахши барномҳои телевизиони русизабони Гурҷистонро қатъ кардааст.
XS
SM
MD
LG