Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пекин гуфтааст, ки нияти Амрико барои фурӯши аслиҳа ба минтақаи ҷудоиталаби Тайван метавонад ба амнияти миллии Чин таъсири харобиовар дошта бошад.

Дар изҳороти вазири умури хориҷаи Чин, ки тавассути телевизиони маҳаллӣ пахш шуд, аз Амрико даъват мешавад, ки ба зудтарин фурсат тасмими худро бознигарӣ кунад.

Барандаи телевизиони давлатии Чин аз қавли вазири умури хориҷа Янг Сзичӣ чунин изҳорот дод: “Ин амали зишти ИМА созишномаҳои Чинро ҷиддан поймол мекунад. Иёлоти Муттаҳида ба таври дағалона ба умури дохилии Чин мудохила карда, амнияти миллии ин кишвар ва талошҳои азими он барои ваҳдати миллиро халалдор месозад. Ин иқдом зидди ӯҳдадориҳои ИМА аст, ки гуфтааст, барои таҳаввулоти сулҳомези ин кишвар мусоидат хоҳад кард. Чин шадидан мухолифи ин иқдомҳои Амрикост».

Вазири хориҷа Янг Сзичӣ таъкид кард, ки ИМА бояд манфиатҳои калидии Чин ва нигарониҳои аслии онро эҳтиром карда, тасмими иштибоҳии гирифтаашро оид ба фурӯши силоҳ ба Тайван бознигарӣ кунад.

Оқои Янг аз мақомҳои баландтарини чинӣ буд, ки муомилаи тиҷоратии Амрикову Тайванро бо арзиши 6,4 миллиард доллар маҳкум кард.

Бар тибқи қонун, оҷонсии ҳамкориҳои дифоии Амрико рӯзи ҷумъа конгрессро дар ҷараён гузошт, ки барномаи нави фурӯши аслиҳаро таҳия кардааст. Ин як бахш аз барномаест, ки ҳанӯз аз ҷониби маъмурияти Буш ваъда шуда буд.

Ассошейтед Пресс гузориш медиҳад, ки қонунгузорони амрикоӣ бояд дар мӯҳлати сӣ рӯз дар робита бо ин бастаи тиҷоратӣ мавқеи худро муайян кунанд ва дар сурати набуди мухолифатҳо он ҳатман қабул хоҳад шуд.

Бастаи нав аз фурӯши 60 чархболи низомии нави Black Hawk, ду киштии минарӯб, 114 системаи дифои мушакии навъи “Патриот”, 12 мушаки “Гарпун”, мушакҳои заминӣ ва ҳамчунин дигар фанновариҳои иловагӣ иборат аст. Ба ин баста аммо киштиҳои зериобӣ ва ё ҳавопаймоҳои ҷангии навъи F-16, тавре Тайпей дархост карда буд, ворид нашудааст.

Баъди пахш шудани ин хабар Пекин бо хашму нороҳатии зиёд вокуниш нишон дода, аз Амрико талаб кард, ки ин тасмими худро бознигарӣ кунад, вагарна он метавонад ба равобити миёни ду кишвар ҳам дар соҳаи низомӣ ва ҳам дар бахшҳои дигар таъсиргузор бошад.

Вале дар изҳороти ахири сухангӯи вазорати хориҷии Амрико Филипп Кровлӣ аз ин нақшаҳои Вашингтон ҳимоят шуда, таъкид гардидааст, ки муомилаи нави тиҷоратии низомӣ бо Тайван ба амнияту суботи минтақа равона шудааст.

Филипп Кровлӣ гуфт, “ин намоишгари рӯшани ӯҳдадориҳои маъмурияти Амрикост, ки дар сурати зарурӣ метавонад бар тибқи қонуни ҳамкориҳои Тайван онро бо силоҳҳои дифоӣ таъмин кунад. Ин иқдом ҷавобгӯи сиёсати Амрикову Чин буда, бар пояи эъломияи сеҷонибаи қонуни равобити Тайван гирифта мешавад, ки дар ниҳоят ба таҳкими амнияту эътидол дар гулӯгоҳи Тайван равона шудааст”.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Тайван аз ин нияти Амрико истиқбол кардаанд ва президент Май Йинг-Ҷо гуфтааст, ки дар сурати иҷрои ин созишнома Тайван худро амнтару бештар ҳимоятшуда эҳсос хоҳад кард.

ИМА, ки бо Тайван дар заминаи фурӯши аслиҳаи дифоӣ як аҳдномае имзо кардааст, таъминкунандаи аслии силоҳ ба ин ҷазира маҳсуб мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG