Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба тағйироти кадрии ҳукумат


Натоиҷи кори ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон дар маҳофил ва ҳалқаҳои коршиносии Тоҷикистон бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шудааст.

Зеро қабл аз эълони хатми он ҳам дар расонаҳо ва ҳам дар миёни мардум ва низ дар маҳфилҳои коршиносон интизор мерафт, ин навбат дар мақомоти раҳбарии ниҳодҳои масъули ҳукумат, аз ҷумла сарвазир, ки замони бознишастагиаш фаро расидааст, тағйироти ҷиддӣ ба вуқӯъ меояд.

Ҷомеаи кишвар таваққӯи онро дошт, ки дар ин ҷаласа ислоҳоти бунёдӣ сурат мегирад ва ҳукумат дар ҳайати худ афродеро ҷалб мекунад, ки ҷавон ва огоҳ аз фанновариҳои мусоиранд ...
Коршиносон ҳадс мезаданд, ки ҳадди ақал дар ҳайати тими иқтисодӣ ва бахши низомиву амниятӣ дигаргуниҳои ҷиддӣ сурат мегирад. Зеро дар ин ду бахши кори ҳукумат навоқис ва камбуд фаровон ҷой доштааст.

Бахши иқтисодии ҳукумат натавонист дар амри ҷилавгирӣ аз таъсири бӯҳрони молиявӣ ба иқдомоти муассире даст бизанад ва бахши низомӣ ва амниятӣ аз ҳаводисе чун иттифоқоти рухдода дар Тавилдара, ки то ба ҳадде бар нооромӣ ва бесуботӣ боис шуд, натавонист саривақт огаҳ шавад ва ҳукумат барои пешгирӣ аз фарогир шудани он аз нерӯ кор гирифт, ки дар натиҷа боз ҳам хуни инсон рехт.

Ба андешаи Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси мустақили тоҷик, ҷомеаи кишвар таваққӯи онро дошт, ки дар ин ҷаласа ислоҳоти бунёдӣ сурат мегирад ва ҳукумат дар ҳайати худ афродеро ҷалб мекунад, ки ҷавонанд ва огоҳ аз илму фановариҳои муосир.

Аммо Саймуддин Дӯстов, таҳлилгари дигар, мегӯяд, он чи, ки дар миёни мардум ва расонаҳо дар ин бора гуфта ва ё навишта мешавад, хостаҳои гурӯҳҳои алоҳида аст. Вале ҷамъбасти соли гузашта ва ба сурати умум фаъолияти масъулони ҳукуматӣ тавре арзёбӣ шуданд, ки интизороти ҷомеа бароварда нашуд. Аз тарафи дигар раисиҷумҳур бо он кадрҳое, ки то ба имрӯз бо онҳо ҳамкор буд, кор карданро авло донистааст.

Коршиносон ва таҳлилгарон ҳадс мезаданд, ки бархе аз нафароне, ки дар ҳукумати Тоҷикистон тайи солҳои тӯлонӣ фаъолият карда ва дар як пай муддатҳост пойкӯбӣ доранд, иваз мешаванд. Аммо ба истиснои додситони кулл ва ду вазире, ки ҳамакнун бояд вакили парлумон шаванд, кадом дигаргунии куллӣ рух надод.

Ҳадди ақал дар ин ҷаласа нафаре, ки роҳбари дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳурии Тоҷикистонро иваз кунад, маълум нашуд. Зеро Амиршо Миралиев дар феҳрасти интихоботии ҲХДТ дар мақоми аввал қарор дорад.

Аммо Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, ислоҳоти кадрӣ ва сохторӣ дар давоми сол ва махсусан баъди баргузории интихоботи парлумонӣ идома хоҳад дошт.

Оқои Шарифов гуфт, ки ҳоло раисиҷумҳур барои бархе аз ҷойҳои холишуда дар ҳукумат, аз ҷумла роҳбари дастгоҳи иҷроияи худ, нафари мавриди назари худро мушаххас накардааст. Вале ин яқин аст, ки ин ислоҳот минбаъд низ идома хоҳад кард.

Коршиноси наздик ба мақомоти расмӣ ҳамчунин афзуд, ки шояд дар ҳафтаҳои наздик баъзе аз курсиҳои холишуда соҳибони худро пайдо кунанд. Вале ба сурати умум коршиносон набуди тавозун дар низоми ҳокимият, адами нуфузи мақоми сарвазир ва аз салоҳиятҳои густарда бархурдор будани раисиҷумҳурро аз авомиле медонанд, ки имкон намедиҳад афроди шоиста ва мутахассис вориди ҳайати ҳукумат шаванд.

Аз сӯи дигар, мегӯянд коршиносон, набуди истиқлоли амал ва дар ростои хатти фикрии як нафар фаъолият кардани аъзои ҳукумат сабаб шудааст, ки то кунун як ҳукумати коромад, кӯшо ва муваффақ дар Тоҷикистон рӯи кор наояд.
XS
SM
MD
LG