Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гурӯҳе бо иттиҳоми кӯдакрабоӣ дар Ҳаитӣ


Полиси Ҳаитӣ 10 шаҳрванди Амрикоро ҳангоми кӯшиши интиқоли 33 тифли маҳаллӣ аз рӯи нақшаи эҳтимолан тақаллубии фарзандхонӣ боздошт кард. Яке аз муттаҳамон, ки худро чун раҳбари созмони хайрияи “Зиндагии нави атфоли бесарпаноҳ” муаррифӣ кард, вуҷуди кадом каҷравиеро дар ин амали худ рад мекунад. Ин гурӯҳ дар минтақаи марзии Малпассе, ки дар миёни Ҳаитӣ ва Ҷумҳурии Доминикан ҷойгир аст, боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG