Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи казиное тибқи қонуни нави қиморхонаҳо


Дар чаҳорчӯби қонуни нави Русия оид ба маҳдудсозии шумори қиморхонаҳо як казинои нав ифтитоҳ шуд. Казинои “Оракл” ахиран дар шаҳри Азов, минтақаи ҷанубии Русия, ки дар 100-километрии шаҳри Ростови лаби Дон ҷойгир аст, бунёд шуд. Баъди суқути шӯравӣ дар Русия шумори қиморхонаҳо шадидан афзоиш ёфт ва боиси ба миён омадани баҳсҳои зиёд дар ҷомеа роҷеъ ба таъсири харобиовари онҳо ба ахлоқи мардум гардид. Соли гузашта бо як амри ҳукумат ҳама қиморхонаҳои амалкунанда дар саросари Русия баста шуданд. Ва тибқи қонуни нав фаъолияти ингуна муассисаҳо танҳо дар қаламрави шаҳрҳои Азов, Калининград, минтақаҳои Олтои Сибир ва Приморие дар Шарқи Дур иҷоза дода шудааст.
XS
SM
MD
LG