Пайвандҳои дастрасӣ

Гузоришҳо: Раҳбари Толибони Покистон даргузашт


Телевизиони давлатии Покистон хабар дод, ки бар асари ҷароҳатҳои аз ҳамлаҳои ҳавоии амрикоиҳо дар моҳи январ бардоштааш раҳбари Толибони ин кишвар Ҳикматулло Маҳсуд ҷон дод. Феълан ин хабар тавассути манбаъҳои мустақил таъйид намешавад ва сухангӯи Толибон ҳам ин хабарро рад кардааст. Генерал Атҳар Аббос гуфт, ки артиши Покистон ин хабарро таҳқиқ мекунад. Дар хабари телевизион гуфта шуд, ки Маҳсуд дар хонаи падарарӯсаш дар минтақаи қабиланишини Вазиристони Шимолӣ ба ҳалокат расид. Вай дар миёнаҳои моҳи январ мавриди ҳадафи низомиёни амрикоӣ қарор гирифт, ҳарчанд дар гузоришҳои аввалия он замон гуфта шуд, ки Маҳсуд тавонист аз он таркишҳои ҳавоӣ ҷон ба саломат барад. Дар сурати дуруст будани хабари даргузашти Маҳсуд ин як нишонаи муваффақияти амалиёти низомиёни ҳам Амрико ва ҳам Покистон дар муборизаи зидди Толибон хоҳад шуд. Ҷунбиши “Таҳрики Толибон”-и Маҳсуд масъулияти анҷоми даҳҳо таркишҳои маргталабонаро дар Покистон дар тӯли чанд моҳи охир ба ӯҳда дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG