Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Оташи дӯстона" чаҳор сарбози афғонро кушт


Нирӯҳои НАТО дар як ҳодисаи ба қавли онҳо “оташи дӯстона” бо муттафиқони афғонашон вориди даргирӣ шуданд. Дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии нирӯҳои амрикоӣ чаҳор сарбози афғон кушта ва шаш нафар маҷрӯҳ шуданд. Нирӯҳои байналмилалии посдори сулҳ гуфтанд, ки низомиёни онҳо мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Даргирӣ дар вилояти Вардак соатҳо баъди он рӯй дод, ки як тарҷумони асабонӣ дар наздикии пойгоҳи низомие ду сарбози амрикоиро ба ҳалокат расонд. НАТО ва ҳам мақомоти афғон дар бораи шурӯи таҳқиқи муштараки ин ҳодиса хабар доданд.
XS
SM
MD
LG