Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Судури шиносномаҳои биометрӣ шурӯъ мешавад


Қарор аз фардо, 1 феврал дар Тоҷикистон ба шаҳрвандон шиносномаҳои хориҷии навъи биометрӣ дода шавад. Ин навъи шиносномаҳо ба ҷуз маълумоти то ҳол тақозошаванда оид ба ҳуввияти шахс, ба мисли ному насабу таърихи таваллуд ва акс, инчунин дорои нақши ангуштони соҳиби он хоҳад буд. Озода Раҳмонова, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ҳафтаи ҷорӣ зимни тавзеҳи хусусиёти шиносномаи нав дар матбуоти даврӣ гуфт, ки куллан дар саросари ҷумҳурӣ панҷ маркази ироаи шиносномаҳои биометрӣ ташкил мешавад, ки дар шаҳрҳои асосии кишвар – Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ ва Қӯрғонтеппа дар назди консулгарии вазорати умури хориҷа ва хадамоти муҳоҷирати вазорати умури дохилаи Тоҷикистон амал хоҳанд кард. Мӯҳлати истифодаи як шиносномаи биометрӣ барои шаҳрвандони кишвар 10 сол ва қимати он 75 доллари амрикоӣ муқаррар шудааст.
Ҷорисозии муқаррароти шиносномаҳои биометрӣ дар Тоҷикистон мутобиқ ба тақозоҳои созмони байналмилалии ҳавонавардӣ дар соли 2002 пешбинӣ шудааст. Аз миёни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳоло ингуна шиносномаҳо дар Қазоқистон ва Туркманистон ҷорӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG