Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо: Ҷашни Наврӯзи имсол дар Шероз мегузарад


Хабаргузории интернетии Регнум аз қавли Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки раҳбарони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанги Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон Наврӯзи соли 2010-ро дар шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломӣ таҷлил хоҳанд кард. Дар ҷараёни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе оқои Шеърдӯст гуфтааст, ки барои таҷлили ин ҷашни соли нави мардуми форсизабон ба Эрон рӯзи 21 март 20-нафарӣ ҳайати баландпояи ин кишварҳои ҳамсоя даъват мешаванд. Ёдовар бояд шуд, ки соли гузашта бо як қарори ЮНЕСКО, дафтари СММ дар умури илм, фарҳанг ва маориф ҷашни Наврӯзи мардуми аҷам вориди феҳрасти мероси фарҳангии мардуми чандин давлати ҷаҳон шуд.
XS
SM
MD
LG