Пайвандҳои дастрасӣ

ВУХ Чин: Равобити низомӣ бо ИМА қатъ мешавад


Вазорати умури хориҷаи Чин мегӯяд, ки ин кишвар ҳама гуна муомилоти низомиро бо ИМА қатъ мекунад ва сабаби ин дар барномаҳои Вашингтон оид ба фурӯши силоҳ ба Тайвани ҳамсоя ба маблағи куллии 6,4 миллиард доллар мебошад. Хабаргузории расмии Синҳуа мегӯяд, ки сафари барномарезишудаи ходимони низомии ин кишвар ба Амрико боздошта мешавад, чунки табодули таслеҳотии ахири миёни Тайвану Амрико метавонад дар равобити Чину Амрико таъсири бад дошта бошад. Телевизиони давлатии Чин ин хабарро аз қавли вазорати хориҷа ингуна пахш кард:

“ИМА Чинро нодида гирифта тасмимҳои иштибоҳӣ мегирад. Ин иқдом ҷиддан зидди созишномаҳои муштараки миёни ду кишвар, ба вижа зидди эъломияи рӯзи 19 август мебошад. Фурӯши аслиҳа мудохилаи дағалона ба умури дохилии Чин буда ба амнияти миллии ин кишварро шадидан осеб мерасонад ва ваҳдати миллии сулҳомези Чинро зери зарба мебарад. Чин аз ин тасмими Амрико шадидан дар хашм буда дар ин замина баргузории гуфтугӯҳои ҷиддиро тақозо мекунад. Эълони нақшаи фурӯши аслиҳа ба Тайван аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида ба бахшҳои зиёди ҳамкориҳои миёни Чину Амрико таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Ва метавонад паёмадҳое ба бор оварад, ки ҳеҷ як аз ҷонибҳо хостори он нест”.

Вокуниши Чин як рӯз баъди он пахш шуд, ки маъмурияти Обама дар баробари Конгресс хабар дод, ки ният дорад муомилоти таслеҳотии худро бо Тайван анҷом диҳад. Нияти Амрико фурӯши 60 чархболи низомӣ ва беш аз 100 мушаки навъи “Петриот” ба Тайван аст, ки чун яке аз вилоятҳои ҷудоиталаби Чин маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG