Пайвандҳои дастрасӣ

Танзими ҷадвали мулоқоти номзадҳои интихоботӣ


Комиссиюни марказии интихоботҳои Тоҷикистон ҷадвали мулоқоти номзадҳои парлумонӣ аз рӯйхатҳои ҳизбиро бо раъйдиҳандагон дар шаҳру манотиқи кишвар тартиб дод. Авасто гузориш медиҳад, ки акнун то таърихи 24 феврали имсол ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳам номзадҳои инфиродӣ метавонанд дар миёни мардум барномаҳои интихоботии худро таблиғ кунанд. Баргузории чунин мулоқотҳо рӯзҳои шанбеву якшанбе аз комиссияҳои ҳавзавии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Ҳисор оғоз шуд. Интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи 28 феврал дар назар аст.
XS
SM
MD
LG