Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирозҳои қазоқҳо зидди тавсеаёбии Чин


Дар Алмаато намоиши эътирозие зидди тавсеёбии равобити миёни Қазоқистону Чин доир шуд. Бар тибқи иттилои хабарнигори Озодӣ, дар шаҳри калонтарини ин кишвар Алмаато рӯзи шанбе садҳо нафар раҳпаймоӣ карда аз хатари тавсеаёбии нуфузи Чин дар минтақа ҳушдор доданд. Ин мардум ба раҳбарии мухолифин зидди нақшаи ба ихтиёри Чин ба иҷора дода шудани миллионҳо ҳектар қаламрави Қазоқистон садо баланд мекарданд. Раҳбари ин кишвар Нурсултон Назарбоев моҳи гузашта пешниҳод кард, ки ба кишвари ҳамсоя ба хотири пешбурди корҳои кишоварзӣ милёнҳо ҳектар замин иҷора дода шавад. Вале баъдан ҳукумат вуҷуди чунин нақшаҳоро рад кард.
XS
SM
MD
LG