Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тадбирҳои амниятӣ парвози ҳавопаймоеро боздошт


Баъди он ки дар феҳрасти мусофирони як ҳавопаймои амрикоӣ исми як гумонбари амалиёти террористӣ ошкор шуд, ҳавопаймои мусофирбар маҷбур шуд аз роҳаш баргардад. Ҳавопаймои ширкати The Continental Airlines flight маҷбур шуд дар хоки Флорида нишасте анҷом дода, аммо баъди сафед шудани исми ин мусофир дубора парвозашро идома диҳад. Ҳодисаи мазкур идомаи тадбирҳои амниятии нирӯҳои амрикоӣ барои таъмини амният ҳангоми парвозҳо мебошад. Ин тадбирҳо баъди кӯшиши таркиши як бомба дар ҳавопаймои амрикоӣ рӯзи 25 декабр шадидтар шудаанд.
XS
SM
MD
LG