Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори панҷ нафар дар Покистон


Мақомоти иктишофӣ мегӯянд, ки як мушаки эҳтимолии амрикоӣ панҷ нафарро дар минтақаи шимолу ғарби Покистон ба ҳалокат расонд. Мақомот гуфтанд, ки ҳамлаи нисфишабӣ минтақаи Муҳаммадхаёли Вазиристони Шимолиро такон дод. Феълан роҷеъ ба ҳуввияти кушташудаҳо чизе гуфта намешавад. Аз шурӯи соли ҷорӣ ИМА як силсила ҳамлаҳои мушакиро зидди маконҳои эҳтимолии Толибон ва ҷангиёни Ал-Қоида анҷом дод. Ҳукумати Покистон ин ҳамлаҳоро чун баҳамзанандаи тамомияти арзии ин кишвар маҳкум мекунад, вале таҳлилгарон мегӯянд, ки Исломобод ба таври инфиродӣ аз ин амалиёт пуштибонӣ ва дар анҷоми таҳқиқоти иктишофӣ бо амрикоиҳо ҳамкорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG