Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон хабари мулоқот бо СММ-ро рад карданд


Толибон гузоришҳоеро, ки мегӯяд намояндаҳои онҳо бо як мақоми СММ мулоқот карда дурнамои сулҳи Афғонистонро баррасӣ кардааст, рад мекунанд. Дар як изҳороти шӯрои раҳбарикунандаи Толибон имрӯз гуфта шуд, ки баъзе гузоришҳои хабаргузориҳои байналмилалӣ дар бораи он ки гӯё моҳи ҷорӣ раҳбари намояндагии СММ дар Афғонистон Кай Эйде дар Дубай бо намояндаҳои Толибон дидору мулоқот кардааст, “шоеоти беасосе беш нест”. Ҳарчанд худи оқои Эйде дар бораи вуҷуди чунин як мулоқоте изҳороти расмӣ пахш накард, аммо вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, ки “ин мақом мехост дар бораи андешаву ақоиди баъзе аъзои Толибон иттило бигирад”.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG