Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шурӯи мурофиаи 16 узви дигари мухолифини Эрон


Хабаргузориҳои расмии Эрон иттило медиҳанд, ки дар Теҳрон имрӯз 16 фаъоли дигари мухолифин бо иллати ширкат дар ошӯбҳои баъдиинтихоботии моҳи декабр дар додгоҳ ҳозир шуданд. ИРНО гузориш медиҳад, ки аксари айбдоршавандаҳо барои кӯшиши ба ҳам задани амнияти кишвар, таблиғи зиддидавлатӣ ва даст ба ошӯбу шӯришҳо задан ба хотири ба ҳам задани суботи кишвар айбдор мешаванд.
XS
SM
MD
LG