Пайвандҳои дастрасӣ

Мутаваққифшавии равобити низомии Чину Амрико


Расонаҳои давлатии Чин мегӯянд, ки вазорати дифои ин кишвар ҳама гуна муомилоти низомиро бо ИМА қатъ мекунад ва сабаби ин дар барномаҳои Вашингтон оид ба фурӯши силоҳ ба Тайвани ҳамсоя ба маблағи куллии 6,4 миллиард доллар мебошад. Хабаргузории расмии Синҳуа мегӯяд, ки сафари барномарезишудаи ходимони низомии ин кишвар ба Амрико боздошта мешавад, чунки табодули таслеҳотии ахири миёни Тайвану Амрико метавонад дар равобити Чину Амрико таъсири бад дошта бошад. Вокуниши Чин як рӯз баъди он пахш шуд, ки маъмурияти Обама дар баробари Конгресс хабар дод, ки ният дорад муомилоти таслеҳотии худро бо Тайван анҷом диҳад. Нияти Амрико фурӯши 60 чархболи низомӣ ва беш аз 100 мушаки навъи “Петриот” ба Тайван аст, ки чун яке аз вилоятҳои ҷудоиталаби Чин маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG