Пайвандҳои дастрасӣ

Салимзода додситони кулли нави Тоҷикистон шуд


Бо як амри раисҷумҳури Тоҷикистон Шерхон Салимзода додситони кулли кишвар таъйин шуд. Дар ин мақом ӯ Бобоҷон Бобохоновро иваз кард. Ш. Салимзода 53 сол дошта, зодаи ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон аст. Баъди хатми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ӯ аз оғози солҳои 1980 ба ҳайси ҳуқуқшинос, муовини додситон ва муфаттиш дар манотиқи Кӯлобу Бадахшон, додситони ноҳияи Фрунзеи пойтахт ва баъдан прокурори шаҳри Душанбе (солҳои 1998-2002) ифои вазифа кардааст. Баъди ин ӯ ба ҳайси вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон кор карда, соли 2005 раҳбарии кумитаи Маҷлиси намояндагонро оид ба қонун ба дӯш доштааст. Марҳилаи шиносоии бештари кори ӯ дар чашми ҷомеаи Тоҷикистон ба соли 2007 мувофиқ меояд. Дар таърихи 10-уми январи он сол ӯ раҳбарии Оҷонсии тозаташкили мубориза бо фасод ва ҷиноятҳои коррупсионии Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифт. Вале баъди ду соли кор дар ин вазифа дар баробари ситоиш аз муборизаи ҳамаҷониба зидди фасод дар сохторҳои мухталифи давлатӣ, аммо интиқодҳо ҳам ба ҷониби ин ниҳоди давлатӣ зиёд шуд, ки тавони мубориза бо фасоду ришватро дар сатҳи мақомоти баландпояи давлатӣ надорад.

XS
SM
MD
LG