Пайвандҳои дастрасӣ

Блогнависиро ба ҷавонони тоҷик меомӯзонанд


«Як даричаи чанд нигоҳ ва ё чашмандозе ба руйдодҳои сиёсии Тоҷикистон», чунин ном дорад саҳифаи хусусӣ ва ё блоги Абдуқодири Абдуқаҳҳор, рӯзноманигори ҷавон, ки мегӯяд, ҳамагӣ чанд моҳи пеш ин саҳифаро боз кардааст. Ба гуфтаи Абдуқодир, маҳдудият дар баёни афкори сиёсӣ дар матбуоти дохилӣ ӯро водор кардааст, ки ба майдонҳои баҳси веблогновисон ворид шавад ва ҳам барои ибрози андешаҳои худ саҳифаи махсусашро ташкил кунад.

Дар ҳоле ки блогнависӣ ва эҷоди саҳифаҳои интернетӣ дар бештари кишварҳои минтақа ва ҳаммарзи Тоҷикистон рушди чашмгир дорад, дар Тоҷикистон таҳияи саҳифаҳои хусусӣ ҳамакнун дар ҳоли роиҷ шудан аст. Ва ин ҳам дар миёни ҷавонони эҷодкору рӯшанфикр ва онҳое, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд. Ин аст ки созмонҳои байналмилалӣ бо ҳадафи тарғиби блоггинг дар миёни ҷавонони оддии кишвар лоиҳаҳои мухталифро роҳандозӣ мекунанд. Аз ҷумла, ахиран яке аз созмони ҷамъиятии Қазоқистон мавсум ба «Инфо-плюс -тарас», дар як давраи омӯзишӣ ба донишомӯзони донишгоҳҳои мухталифи кишвар тарзи корбарӣ аз чунин саҳифаҳои интернетӣ омӯзонид.

Ксения, намояндаи ин ташкилот, мегӯяд, аз рӯи пурсишҳои қаблӣ онҳо муайян кардаанд, ки дар Тоҷикистон аксаран ҷавонон аз интернет танҳо бо ҳадафи муошират истифода мекунанд ва аз ҳунари блогнависӣ бархӯрдор нестанд. Ин ҳам дар ҳоле ки тавсеаи блогнависӣ миёни қишри ҷавони кишвар метавонад барои муаррифии Тоҷикистон ва ҳаёти ҷавонони тоҷик ба ҷаҳониён кӯмак кунад, мегӯяд Ксения ва меафзояд:

«Чанде қабл дар Қазоқистон дар мавриди блогу блогнависӣ нишасте баргузор шуд, ки дар он фаъолони ҷавон аз кишварҳои минтақа гирди ҳам омада буданд. Ҳамзамон, ба ин ҷавонон тарзи таъсису истифода аз блог омӯзонда шуд. Ва гурӯҳи ҷавонон аз Тоҷикистон лоиҳаеро пешниҳод карданд, ки тибқи он ба ҷавонони тоҷик блогнависӣ омӯзонида мешавад. Аслан, бояд бигӯям, ки блогнависӣ дар Қазокистону Қирғизистон хеле рушд кардааст ва фикр мекунам корбарӣ аз чунин саҳифаи интернетӣ барои ҷавонони тоҷик низ хеле муҳим аст. Зеро, бо ин васила мешавад озодии баён ва демократияро дар ин кишвар тавсеа бахшид. Ва мо умедворем, ки талошҳои мо як дар ин самт таконе хоҳад буд.»

Ксения аз ҷумла меафзояд, дар ҳоле ки Тоҷикистон дар пешорӯи интихоботи порлумонӣ қарор дорад, номзадҳо метавонанд тавассути блог бо раъйдиҳандагонашон мулоқот кунанд ва ё бо барномаҳояшон онҳоро ошно намоянд. Хулоса, ба андешаи Ксения, тавассути баҳсҳои мухталиф дар вебблогҳо метавон ҷавононро ба баррасии матолиби сиёсӣ низ ҷалб кард.

Элмира, яке аз дигар ташкилкунандагони давраи омӯзишӣ оид ба блоггинг дар Душанбе, гуфт, ҳарчанд ҳоло ҷавонони тоҷик барои блогнависӣ алоқаи камтар нишон медиҳанд, аммо тадриҷан мешавад ҳунари блогнависиро ба онҳо омӯхт ва майдони озоди баҳсҳои интернетиро фароҳам овард.

«Тавсеа наёфтани шароити дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва гаронии қиммати хадамоти истифода аз интернет боиси он шудааст, ки шумораи зиёди ҷавонон наметавонанд аз ин шабакаи ҷаҳонӣ истифода кунанд. Қабл аз баргузории семинар дар Душанбе мо як пажӯҳиш анҷом додем ва он нишон дод, ки 70 дарсади пурсидашудагон дар мавриди блоггинг маълумоте надоранд.»

Ба бовари коршиносон, веблогҳо, майдонҳои баҳси интернетӣ ва истифода аз интернет дар маҷмӯъ падидаи тозаест, аммо маҳбубият ва таваҷҷӯҳи ҷавонон ба он дар ин авохир ба шиддат боло меравад. Гуфта мешавад, нахустин вебблогнависони тоҷик- тоҷикони бурунмарзӣ будаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG