Пайвандҳои дастрасӣ

Фарҳод Восиев ба "Криля Советов"?


Акс аз торнамои ФИФА

Акс аз торнамои ФИФА

Фарҳод Восиев, бозигари мунтахаби Тоҷикистон, бо «Криля Советов»-и Самара барои тамрин ба Туркия сафар кардааст.

Сомонаи расмии дастаи шаҳри Самара хабар додааст, ки Фарҳод барои санҷиш даъват шудааст ва дар сурати муваффақият дар ин санҷиш ва писанд омадан ба сармураббии «Криля Советов» Юрий Газзаев ба ин даста даъват хоҳад шуд.

«Сатурн», соҳиби ҳаққи бозигарии Фарҳод Восиев, мехоҳад ӯро барои як сол ба ягон дастае ба иҷора бидиҳад. Андрей Гордеев, сармураббии «Сатурн», гуфтааст, Фарҳод бозигари хуб аст ва аз сатҳи дастаи ҷавонон баромадааст, вале феълан дар ҳайъати асосии «Сатурн» барои ӯ ҷо нест, аммо ӯ бояд дар ягон дастаи дигар нерӯи худро бисанҷад ва талоши рушд бикунад.

Дилшод Восиев, бародари Фарҳод, ба хабаргузории «ВС» гуфтааст, корбари Фарҳод собиқ бозигари маъруфи «Помир» Абдуғаффор Юлдошев аст ва ӯ феълан барои Фарҳод дар ҷустуҷуи кор аст.

Ҳамакнун, хабар нашр шуд, ки Фарҳод барои санҷиш ба «Криля Советов» рафтааст. Аммо ҷои нигаронӣ ин аст, ки худи дастаи «Криля Советов» ба мушкилоти молӣ мувоҷеҳ аст, бозигарони нав харида наметавонад ва бозигарони қаблияш ҳанӯз ҳам ҳаққуззаҳмаашонро нагирифтаанд.

Фарҳод Восиев дар «Сатурн» аз соли 2006 аст ва дар соли гузашта дар ҳайъати асосӣ як бозӣ кард ва як гол зад ва ҳамон ҳам ба дарвозаи «Криля Советов», ҳамин дастае, ки шояд ба он бипайвандад.
XS
SM
MD
LG