Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ


Имрӯз, 30-уми январ, соати 16:00 баъд аз зуҳри вақти Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ҷаласаи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ аъзои он ба барканории Бобоҷон Бобохонов аз раҳбарии Додситонии кулл, муовини аввали ӯ ва ду муовини раиси Додгоҳи олӣ ризоият доданд.

Дар рӯзи аввали ҷаласаи васеъи ҳукумати Тоҷикистон раиси Додгоҳи олӣ ва додситони кулли Тоҷикистон барои камбуд ва нуқсонҳо дар фаъолияти корияшон аз ҷониби раисҷумҳур шадидан интиқод шунида буданд. Мувофиқи қонун барканорӣ ва таъини раҳбарони Додгоҳи олӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон бо пешниҳод ва тасдиқи Маҷлиси миллӣ сурат мегирад.

Маҷлиси миллӣ ҳамчунин бо таъйини Шерхон Салимзода ба вазифаи додситони кулли Тоҷикистон мухолифт накарданд.

Маҷлиси миллӣ палатаи болоии порлумони Тоҷикистон мебошад ва аз 33 узв иборат аст. Ҳашт узви Маҷлиси миллӣ аз ҷониби президент таъин мешавад ва боқимондаашон интихоб мегарданд.
XS
SM
MD
LG