Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи Обама барои коҳиши ихроҷи газҳои гӯлхонаӣ


Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, эълом кард, саъй хоҳад кард, то соли 2020 ихроҷи газҳои гӯлхонаӣ аз тарафи худи ниҳодҳои ҳукуматӣ, 28 дар сад коҳиш дода шавад. Барак Обама дар як баёнияи расмӣ, гуфтааст, ба ҳайси бузургтарин масрафкунандаи энержӣ дар иқтисоди Амрико, ҳукумат муваззаф аст, то сарфи энержиро камтар карда ва пурсамартар бошад. Ҳукумати Амрико аҳд додааст, ихроҷи газҳои гӯлхонаиро то соли 2020 дар тамоми кишвар 17 дар сад коҳиш диҳад.
XS
SM
MD
LG