Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парҳези Ӯзбакистон аз роҳи оҳани Тоҷикистон?


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, интиқоли транизитии мМақомоти Тоҷикистон мегӯянд, интиқоли транизитии молу колои Ӯзбакистон аз шимоли ин кишвар сар аз соли равон 30 дарсад коҳиш ёфтааст. Ягона роҳи оҳане, ки Тошканд- пойтахти Ӯзбакистонро, ба вилояти Фарғона, Намангон ва Андиҷон мепайвандад, аз қаламрави Тоҷикистон убур мекунад. Аммо ба гуфтаи соҳибназарон бо тиратар шудани равобит миёни ду кишвар, ҳукумати Ӯзбакистон мехоҳад, пойбандии худ ба Тоҷикистонро коҳиш диҳад, бо вуҷуди он ки роҳи алтернативии оҳан барои интиқоли молу коло ба он вилоятҳо надорад. Убайдулло Обидов, як мақоми корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» гуфт, ҳукумати Узбакистон соҳибкоронро маҷбур мекунад, то молу колоро на аз қаламрави Тоҷикистон, балки аз роҳҳои дохилӣ интиқол диҳанд, ки серхарҷу заҳматталаб аст.
XS
SM
MD
LG