Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 29-уми январ дар Русия ва бисёре аз кишварҳои ҷаҳон 150-солагии яке аз маҳбубтарин нависандагон -- Антон Чехов ҷашн гирифта шуд. Ҷашнвораи Чехов, ки имрӯз сар шуд, се моҳ идома хоҳад кард.

Антон Чехов дар таърихи адабиёти ҷаҳон аз нависандагонест, ки дар байни хонандагон маҳбубияти хос доранд. Ҳикояҳо ва намоишномаҳои ӯ ба забонҳои зиёде баргардон шудаанд ва охирин намуна, тарҷумаи достонҳои кӯтоҳаш ба чанде аз забонҳои африқоӣ, аз ҷумла суаҳилист.

Дар садҳо шаҳри ҷаҳон пайкараи ӯро метавон дид, аз кӯча ё хиёбони Чехов метавон гузашт ва ё дар мактаби ба номи ӯ таҳсил кард. Ҳарчанд пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар бисёре аз шаҳрҳои давлатҳои тозаистиқлол садҳо номро иваз карданд, номи Чехов боқӣ монд, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон. Ҳатто кратер ё даҳанаи кӯҳие дар Миррих ба номи Чехов гузошта шудааст.

Худи ӯ, як шахси хоксор ва ҷавонмард чанд моҳ пеш аз маргаш бар асари бемории сил, навишта буд, ки асарҳояшро боз ҳафт соли дигар хоҳанд хонд, аммо баъд аз он фаромӯш хоҳад шуд. Аммо бархилоҳи ин пешгӯияш имрӯз низ китобҳои Чехов бо шавқу завқи нодире хонда мешаванд.

Яке аз мухлисони Чехов, коргардони театр, Юрий Алшитс мегӯяд: "Мавзӯъҳое, ки вай ба онҳо дахл кардааст ва осори ӯ ба ягон қарни муайян бастагӣ надоранд. Намоишномаҳои ӯро баъд аз сад соли дигар ҳам мешавад, ба саҳна гузошт. Зеро ҳастаҳое доранд, ки ба мисли осори Шекспир, абадиянд. Сужаҳои осори Чехов хеле одиянд, аммо дар онҳо чизҳои зиёдеро метавон дид. Ҳар аср дар онҳо бозтоби азими масъалаҳои худро мебинад."

Комёбии Чехов аз ҳикояҳои хурдаш, вале эътирофи ӯ аз намоишномаи "Моҳихӯрак" дар Театри хурди бадеии маскав, ки имрӯз номи Чеховро дорад, сар шудааст. Сипас, намоишномаҳои "Ваня-тағо", "Сехоҳарон" ва "Боғи олу" ҷойгоҳи баланд ва ҷовидонаи ӯро дар адабиёти рус таъин карданд. Ин роҳро Чехов ҳамчун пизишк сар карда буд ва мегуфт, пизишкӣ "ҳамсар"-и ӯсту адабиёт "маъшуқааш".

Чеховро дар ҳар кишвар нависандаи худ мешуморанд. Чунончӣ, адабиётшиноси бритониёӣ Розамунд Бартлет мегӯяд, дар Инглистон Чехов як нависандаи инглис аст. Айни эҳсос дар Тоҷикистон низ будааст, ба хусус ҳангоми намоиши "Ваня-тағо" дар Театри драмаи ба номи Лоҳутӣ дар солҳои 1970-80-ум.

Нақши асосиро дар ин намоиш Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ато Муҳаммадҷонов мебозид ва бинандагон дар бозии ӯву ҳамроҳонаш шиносу ҳамсоягон ё пайвандони худро медиданд. Ба ақидаи муҳаққиқон, симоҳое, ки Чехов меофарид, хислату хосияти гуногун ва мураккаб доштанд ва барои ҳар бинанда ё хонанда, қатъи назар аз миллияташ ангезаҳои ҳамсон ба вуҷуд меоварданд.

Аксари асарҳои Чехов ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд ва бархе аз андарзҳояш ба таври васеъ истифода мешаванд. Ба монанди "кӯтоҳбаёнӣ хоҳари истеъдод аст." Ва ё "ман солҳо, қатра-қатра ғуломеро аз вуҷуди худ берун фишурдам."

Дар Русия ин ҳафта як ҷашнвоари чеховӣ сар мешавад, ки шаш моҳ идома хоҳад кард ва дар он театрҳо аз Олмон, Ҷопон, Чилӣ, Канада ва кишварҳои зиёд бо намоишномаҳои чеховӣ ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG