Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истинтоқ"-и Тонӣ Блейр барои ҷанги Ироқ


Тонӣ Блейр, нахуствазири собиқи Бритониё
Тонӣ Блейр, нахуствазири собиқи Бритониё

Тонӣ Блейр, нахуствазири собиқи Бритониё, аз тасмими хеш дар мавриди пайвастан ба ҷанги Ироқро ҳимоят карда гуфт, ҳамлаҳои терористии 11-уми сентябр нигоҳи ӯро ба Саддом Ҳусайн тағйир дод.

Вай дар ҳузури гурӯҳи мустақиле сӯҳбат мекард, аъзои собиқи ҳукумати Тонӣ Блейрро дар робита ба сабабҳои оғози ҷанг дар Ироқ, ба қавле, “истинтоқ” мекунанд.

Як назархоҳии тоза нишон додааст, ки ба эътиқоди 52 дарсади мардум, Тонӣ Блейр кишварашро гумроҳ намуда ва ба ҷанг водор кардааст ...
Дар берун аз толоре, ки бозпурсии Тонӣ Блейр идома дошт, даҳҳо тазоҳургар ӯро “ҷинояткори ҷангӣ” хонда фарёд мезаданд. Аммо дар дохили толор, фазои ором, санҷида ва мураттаб буд.

Дар ин толор гурӯҳи коршиносии панҷнафарии таъиншуда аз тарафи ҳукумат аз Тонӣ Блейр мепурсанд, ки чӣ гуна барои пайвастани Бритониё ба ҷанги ба раҳбарии Амрико дар Ироқ тасмим гирифт?

Тонӣ Блейр, ки тасмимаш барои пайвастан ба ҷанг дар Ироқ то кунун дар Бритониё бисёр номаҳбуб аст, аз тасмими хеш ҳимоят кард ва чунин далел овард, ки «агар ҳодисаҳои 11 сентябр рух намедод, арзёбиҳои мо аз хатари Саддом ва эҳтимоли эҳёи барномаҳояш бетағйир мемонд. Аммо баъди ҳодисаҳои 11 сентябр арзёбиҳои мо, андешаҳои мо ва Амрико дар ин маврид фавқулодда тағйир ёфт».

Тонӣ Блейр, зимни бозпурсӣ гуфт, ҳамлаҳои 11 сентябр, хатари нерӯҳои зидди ғарбии мусаллаҳ бо силоҳҳои куштори ҷамъӣ барои ҳам Амрико ва Аврупоро барҷастатар нишон дод. Аҷиб ин буд, ки Тонӣ Блейр дар баёнияаш билофосила дар миёни режими Саддом Ҳусайн ва дигар режимҳои зиддиамрикоӣ ва гурӯҳҳои тундраву террористӣ тафовут нагузошт. Вай гуфт, “баъди 11 сентябр, ба Эрон Либия, Куриёи Шимолӣ ва Ироқ ба ҳамаи инҳо бояд хотима дода мешуд”.

Ин далел зоҳиран барои камаҳамият кардани иддаоҳои мухолифони Блейр аст, ки мегуфтанд, вай бидуни далелҳои собити иртиботи Саддом бо Ал-Қоида ё мавҷудияти захираҳои коромади силоҳҳои куштори ҷамъӣ, саросема ба эътилофи байналмилалии ба раҳбарии Амрико барои ҷанг ба Ироқ пайвастааст.

Намоиши эътирозии мухолифони Тонӣ Блейр ҳангоми бозпурсии ӯ
Чанде пештар ошкор шуд, ки Ҷек Стро, вазири умури собиқи хориҷии Бритониё, ба Тонӣ Блейр навиштааст, ки “ҳеҷ далели собити” иртиботи Саддом Ҳусайн бо Ал-Қоида вуҷуд надорад ва хатари ӯ баъди 11 сентябр ҳам зиёдтар нашудааст.

Бозпурсии Тонӣ Блейр ба афкори умум дар Бритониё таъсир мегузорад, ки баъди пайвастанаш ба тасмими Ҷорҷ Буш барои ҷанг дар Ироқ ба зидди Тонӣ Блейр чархидааст. Як назархоҳии тоза нишон додааст, ки ба эътиқоди 52 дарсади мардум, Тонӣ Блейр кишварашро гумроҳ намуда ва ба ҷанг водор кардааст.

Бадтар аз ин 25 дарсади назардодагон хостаанд, то нахуствазири собиқро бо иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ба додгоҳ кашанд. Аммо бозҷӯии Тонӣ Блейру вазирони собиқи он ба ҳадафи муҳокимаи онҳо нест.

Раҳбари гурӯҳи пажӯҳишӣ Ҷон Чилкот мегӯяд, «ҳадафи Гурӯҳи таҳқиқотии ҷанги Ироқ, дарёфти ҳисоботи мӯътамад дар мавриди ширкати Бритониё дар масоили Иролқ аз соли 2001 то 2009 ва дарс гирифтан барои ҳукуматҳои ояндаест, ки ба шароити монанд рӯ ба рӯ шаванд. Бозпурсии муҳокима нест. Кумитаи таҳқиқотӣ, мустақил ва ғайрисиёсӣ аст».

Кумитаи мазкур бо бозпурсии Тонӣ Блейр иктифо нахоҳад кард ва моҳи феврал ва ё март навбати Гордон Бровн нахуствазири Бритониё ва вазири молияи собиқ мерасад. Бритониё ба ҷанги Ироқ 46 ҳазор сарбоз фиристода ва 179 сарбозашро талаф додааст. Нерӯҳои бритониё моҳи апрели соли 2009 аз Ироқ хориҷ шуданд.
XS
SM
MD
LG