Пайвандҳои дастрасӣ

Дастури Раҳмон барои назорати хароҷоти Роғун


Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, то барои назорат бар шеваи хароҷоти пулҳои мардумӣ, ки барои бунёди нерӯгоҳи Роғун ҷамъ шудаанд, як кумиссиёни ҷамъиятӣ таъсис шавад. Дар ҷаласаи васеъи ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, бояд дар ин кумиссиён намояндагони ҷомеаи маданӣ ва хабарнигорон ҳам шомил бошанд. Дар ҳамин ҷаласа, Сафаралӣ Наҷмуддинов - вазири молияи Тоҷикистон эълом кард, ки то кунун аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғун 700 миллион сомонӣ, баробар ба 160 миллион доллар ба даст омадааст. Ҳукумати Тоҷикистон, мехоҳад то нерӯгоҳи барқи обии Роғунро бо сармоя ва манобеъи дохилӣ бунёд кунад.
XS
SM
MD
LG