Пайвандҳои дастрасӣ

Коршиносон аз халои иттилоотӣ дар робита бо интихобот дар радио ва телевизиони Бадахшон изҳори нигаронӣ мекунанд.

Ба гуфтаи онҳо, агарчи интихобот торафт наздик мешавад, аммо дар радио ва телевизион дар баробари мавзуи саҳмияҳои Роғун ва ҷаласаҳои мақомот интихобот ҳамоно чун мавзуи севвумдараҷа боқӣ мемонад ва дар робита бо интихобот матолиби хеле кам интишор мешавад.

Ба гуфтаи муовини раиси идораи радио ва телевизиони Бадахшон Бодур Саодатшоев, чунин халои иттилоотӣ бо айби масъулини комиссияҳои интихоботӣ ва ҳавзавӣ дар Бадахшон ба вуҷуд омадааст. Вай гуфт, агарчи бар асоси тақвими тасдиқгардида аз ҷониби КМИР аз шуруи маъракаи таблиғотӣ зиёда аз як ҳафта сипарӣ шудааст, аммо нафаре аз масъулини комиссия ва ҳавзаҳои интихоботӣ дар Бадахшон ба остонаи радио ва телевизион қадам ранҷа накардаанд.

Агарчи интихобот торафт наздик мешавад, аммо дар радио ва телевизион дар баробари мавзуи саҳмияҳои Роғун ва ҷаласаҳои мақомот интихобот ҳамоно чун мавзуи севвумдараҷа боқӣ мемонад ...
Вай баён кард, ки ин ҳолат масъулини идораи радио ва телевизионро водор сохтааст, ки бо дархости расмӣ ба масъулини интихобот дар минтақа ба манзури фаъолтар шудани онҳо дар мавриди ҳамкорӣ бо васоити ахбори омма муроҷиат кунанд.

Аммо ба гуфтаи раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии якмандатаи 41-и Хоруғ Отамшо Мақбулшоев, бинобар мавҷудияти бархе аз мушкилот онҳо то ба ҳол фурсати муносиб барои роҳандозии корҳои тарғиботӣ тавассути расонаҳоро надоштаанд.

Вай гуфт, дар ҳавза се номзад ба қайд гирифта шудааст ва баъд аз супурдани гарави интихоботӣ аз сӯи номзади чаҳорум, ки аз тариқи худпешбарӣ довталаби ширкат дар интихобот гардидааст, онҳо ба таблиғоти густарда тавассути расонаҳои хабари шурӯъ хоҳанд кард.

Раиси комиссияи ҳавзавӣ ҳамчунин журналистони расонаҳои хабарии маҳаллиро барои таваҷҷӯҳ зоҳир накардан ба мавзуи интихобот муттаҳам кард ва гуфт, ки ба ғайр аз хабарнигорони расонаҳои мустақил ва як корманди рӯзномаи вилоятии «Бадахшон» дигар касе барои дарёфти иттилоот ба онҳо муроҷиат накардааст.

Аммо раиси идораи радио ва телевизиони Бадахшон Зулфия Лашкарбекова изҳор дошт, онҳо тасмим гирифтанд, ки журналистони собиқадорро вориди корзори интихоботӣ кунанд, зеро журналистони ҷавон дар инъикоси мавзуи интихобот ҳануз малака ва таҷрибаи кофӣ надоранд.

Аммо хабарнигорони ҷавони радио ва телевизион Маҳина Хоҷаназарова ва Гавҳар Гуламадшоева бар ин назаранд, ки чунин мавқеъгирии роҳбарияти идора дар мавриди инъикоси интихобот аз тарсу ваҳм ва фишор аз тарафи мақомот аст.

Ба гуфтаи хабарнигорони ҷавон, онҳо омода ҳастанд, ки дар баробари журналистони варзидаи ҳамкорашон дар инъикоси интихобот ширкат варзанд.

Дар ҳамин ҳол халои иттилоотии пешазинтихоботӣ дар васоити ахбори маҳаллӣ боис гардидааст, ки ба вижа интихобкунандагони ҷавон дар мавриди пешбарӣ ва бақайдгирии номзадҳо бештар аз рӯи тахмину овозаҳо тасаввурот ҳосил мекунанд.

Як нафар ҷавони ҳамсӯҳбати мо гуфт, ки ба фикри вай, дар ҳавзаи интихоботии Хоруғ раиси вилоят Қодир Қосим, Мамадшо Илолов, Мирганд Шаҳбозова ва Алим Шерзамонов номзад ҳастанд.

Интизор меравад, ки аммо пас аз чанд рӯзи тасдиқ шудани реҷаи баромади намояндагони аҳзоб ва номзадҳо ба вакилӣ тариқи расонаҳо фазои сарди халои иттилоотӣ дар Бадахшон ба тадриҷ гармтар хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG