Пайвандҳои дастрасӣ

Рафтори беназири додрасҳои Тоҷикистон


Дар ҳодисаи беназире дар Тоҷикистон, намояндагони низоми додгоҳӣ се рӯзномаи мустақили ин кишварро ба додгоҳ кашида ва хостори бештар аз 1 миллион доллар ҷуброни молӣ шудаанд. Бино ба гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ, се додраси Додгоҳи Олӣ ва Додгоҳи Душанбе, рӯзномаҳои “Азия Плюс”, “Фараж” ва “Озодагонро” ба бӯҳтон ва паст задани шаъну эътибор ба додгоҳ кашидаанд. Ин рӯзномаҳо, баёнияи Солеҳҷон Ҷӯраевро вакили дифоъро интишор кардаанд, ки додрасҳоро ба беадолатӣ муттаҳам мекард. Додрасҳои норзоӣ мегӯянд, ки баёнияи вакили дифоъ, бе назари ҷониби мухолиф нашр шудааст, ки мухолифи қонун дар бораи расонаҳои хабарӣ аст.
XS
SM
MD
LG