Пайвандҳои дастрасӣ

Идораи роҳи оҳани вилояти Суғд мегӯяд, аз аввали соли равон интиқоли қатораҳои боркаши Узбакистон тавассути роҳи оҳани шимоли Тоҷикистон 30 дарсад коҳиш ёфтааст.

Тошканд тасмим гирифтааст маводи худро бидуни убури қаламрави Суғд мустақиман ба водии Фарғона интиқол диҳад ва худро аз қайди роҳи оҳани Тоҷикистон раҳо бахшад. Мутахассисон ва таҳлилгарон ин иқдоми Тошкандро дар пасманзари сардии муносиботаш бо Душанбе сиёсӣ ва дурнамои онро ноустувор мехонанд.

КОҲИШИ ИНТИҚОЛИ ҚАТОРАҲОИ УЗБАКИСТОН

Мақомоти идораи роҳи оҳани Суғд мегӯянд, ки то моҳи январи соли равон тавассути роҳ оҳани Тоҷикистон дар ҳар шабонарӯз ҳудуди 15 қатораи боркашони тронзитии Узбакистон гузар мекард, ин моҳ 10 қатора мегузарад.

Убайдулло Обидов, муовини сардори хадамоти боркашонӣ дар бахши корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар Хуҷанд, гуфт, ҳозир асосан маҳсулоти нафтии Узбакистон дар ҳар шабонарӯз ҳудуди 10 қатора ба тариқи тронзитӣ аз роҳи оҳани Хуҷанд гузар мекунад. Ба гуфтаи вай, ҳукумати Узбакистон соҳибкорони худро маҷбур мекунад, борҳои худро бо роҳи оҳани Тоҷикистон тронзит накунанд ва аз Тошканд то шаҳри Оҳангарон (Ангрен) баранд ва аз он ҷо бо роҳи заминии ағба мустақиман ба водии Фарғона расонанд.

Бар пояи маълумоти хадамоти мазкур, дар соли гузаштаи 2009 Узбакистон тавассути роҳи оҳани шимоли Тоҷикистон дар қатораҳо беш аз 9 миллион тонна бор интиқол дода, ба ҷониби Тоҷикистон 30 миллион сомонӣ боҷи гумрукӣ пардохт кардааст.

Имсол низ бо вуҷуди коҳиш роҳи оҳани Тоҷикистон ҷодаи аслии тронзитии боркашонӣ барои Узбакистон боқӣ мондааст.

ТАСМИМИ ИСЛОМ КАРИМОВ

Қисмати шимолии Тоҷикистон бо ягона роҳи оҳан Тошканд ва вилоятҳои водии Фарғонаи ин кишвар - Фарғона, Намангон ва Андиҷонро мепайвандад.

Ба навиштаи расонаи интернетии «Узметроном», дар моҳи декабри соли гузаштаи 2009 раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов қароре дар бораи даст кашидан аз тронзити роҳи оҳани Тоҷикистон ба имзо расонд. Вале мақомоти ин кишвар то ҳол вуҷуди чунин як қарорро расман тасдиқ накардаанд.

Мутобиқи ин қарор Узбакистон мехоҳад, борҳои худро бидуни убури қаламрави Тоҷикистон мустақиман аз Тошканд бо роҳи оҳан ба шаҳри Оҳангарон, воқеъ дар шарқи ин кишвар, баъд бо роҳи мошингард аз гарданаи Қамчиқ, аз баландии беш аз 2 ҳазор метр ба Фарғонаву Хуқанд интиқол диҳад.

Вале ба тариқи истисно ба интиқоли тронзитии маводи нафтӣ аз корхонаи коркарди нафти Фарғона ба сӯи Тошканд бо роҳи оҳани Тоҷикистон иҷозат дода шудааст.

Аз рӯи гуфтаи мақомоти идораи роҳи оҳани Хуҷанд, аз моҳи январ то дараҷае ин тасмими ҳукумати Узбакистон ба амал даромадааст.

ЗАРАРИ ИҚДОМИ ҲУКУМАТ БА УЗБАКИСТОН

Мутахассисон ва таҳлилгарон чунин иқдоми Тошкандро нишони сардии муносибат бо Тоҷикистон ва мухолифат ба бунёди барномаҳои энергетикии ин кишвар мехонанд. Ин ду кишвари ҳамсоя тадриҷан системаҳои барқ, роҳ, об ва ахиран назорат бар ҳарими ҳавоии худро аз ҳам ҷудо мекунанд.

Аз нигоҳи иқтисодшинос Аброри Мирсаид, доктори улуми иқтисодӣ дар Донишгоҳи ҳуқуқ тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд, дар давраи ҷаҳонишавии кишварҳо ин гуна сиёсати ҷудоихоҳиву бартариҷӯӣ ва «дар инҳисори иқтисодӣ» гузоштани як кишвари ҳамсоя бар нафъи ягон давлати Осиёи Марказӣ нест.

Вай мегӯяд, Тошканд як сиёсати расонидани иқтисоди миллии худ ба мустақилияти комилро пеш гирифта, мехоҳад аминияти иқтисодии худро таъмин кунад ва тобеияташ аз иқтисоди ҷаҳониро коҳиш диҳад. Вале аз нигоҳи ин таҳлилгар, ин як мушкили кӯтоҳмуддат аст ва равандҳои ҷаҳонишавӣ кишварҳои минтақаи Осиёи Маркази, аз ҷумла Узбакистонро маҷбур мекунад, ба низоми ягонаи энерживу нақлиётӣ баргарданд.

Убайдулло Обидов, масъули хадамоти боркашонии идораи роҳи оҳани Хуҷанд, ба зарари иқтисодии Узбакистон дар пайи худдорӣ аз истифодаи тронзитии роҳи оҳани Тоҷикистон ишора мекунад.

Вай гуфт, як вагони боркашони Узбакистон бо роҳи оҳани Хуҷанд бо пардохти ҳудуди 30 доллар ба манзил мерасад, вале бори онро 3–4 мошин аз Оҳангарон бо роҳи ағбаи Қайнақ бо сарфи 1 миллион сом, муодили тақрибан 600 доллари амрикоӣ, мерасонад.

Вай афзуд, аз сӯи дигар роҳи Оҳангарон–Хуқанд аз тариқи гарданаи Қайнақ, ки Тошканд ва се вилояти Водии Фарғонаи Узбакистонро пайваст мекунад, доиман пур буда, гунҷоишу тавони интиқоли мошинҳои боркашонро ба муддати тӯлонӣ надорад.

Бо ҳамин далелҳо коршиносон дерпоии дасткашии Тошканд аз тронзити роҳи оҳани Тоҷикистонро номумкин мехонанд.

Ба гуфтаи манобеи мухталиф, мақомоти Узбакистон аз солҳо қабл мехоҳанд, аз ағбаи Қайнақ барои хатти роҳи оҳан нақб кушоянд ва Тошканду Фарғонаро мустақиман васл диҳанд. Вале ин барномаи гаронхароҷот ҳанӯз рӯи даст гирифта нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG