Пайвандҳои дастрасӣ

Коҳиши ҳукми зиндони ду скинхед дар Русия


Додгоҳи Олии Русия, ҳукми раҳбарони як гурӯҳи 10 нафарии тоссарҳои русро коҳиш додааст, ки моҳи сентябр бо гуноҳи ҳамла ба мардуми ғайрирус ба зиндон маҳкум шуданд. Бино ба гузориши бахши русии Радиои Озодӣ, раҳбарони гурӯҳ, Иля Шутко ва Евгения Жихарева, ки ба даҳ соли зиндон маҳкум шуданд, акнун аз 7 то 8 сол дар зиндон хоҳанд буд. Додгоҳи Олӣ иллати кам кардани ҳукми зиндони ин ду скинхедро дар дайн нашудани баъзе аз гуноҳҳои муттаҳамон гуфтааст. Гурӯҳи мазкури скинхедҳоро додситонҳо ба ҳамла ба мардуми ғайриславянӣ аз ҷумла, қатли як қирғиз ва сӯиқасд ба ҷони шаҳрвандони Ӯзбакистону Қирзизистон ва Чин дар моҳи феврали соли 2008 муттаҳам карда буданд.
XS
SM
MD
LG