Пайвандҳои дастрасӣ

Се додраси Додгоҳи олӣ ва додгоҳи шаҳри Душанбе се нашрияи мустақили "Фараж", "Озодагон", "Азия-плюс"-ро бо иттиҳоми тӯҳмат ва паст задани обрӯву эътибори инсон ба додгоҳ кашидаанд ва барои ҷуброни маънавӣ аз онҳо 5,5 миллион сомонӣ товон хостаанд.


Шикояти Фахриддин Додометов, додраси додгоҳи шаҳри Душанбе, Нур Нуров ва Улуғбек Маҳмадшоев, додрасони Додгоҳи Олии Тоҷикистон алайҳи нашрияҳо ва вакили дифоъ Солеҳҷон Ҷӯраев ба додгоҳи ноҳияи шаҳри Синои пойтахт ирсол шудааст.

Додрасҳо ба таври алоҳида нисбати ҳафтаномаҳо ва ин вакили мудофеъ ба додгоҳ шикоят бурдаанд. Мӯҳтавои ҳар се шикоят ба изҳороти ахири Солеҳҷон Ҷӯраев, як тан аз вакилони мудофеъ бастагӣ дорад.

Ин изҳорот ва нишасти хабарии Солеҳҷон Ҷӯраев, ки ҳудуди ду ҳафта пеш дар шаҳри Душанбе баргузор шуд дар шумораҳои ҳафтаи гузаштаи нашрияҳои «Озодагон» ва «Фараж» таҳти унвони «Исфарагиҳоро говсуд кардаанд?» ва «Изҳороти кушодаи адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев оиди нақзи ҳуқуқи инсон» ва дар ҳафтаномаи русизабони «Азия – плюс» бо номи «Адвокат уполномочен заявить» мунташир шуд.

Дар ин матолиб адвокат Ҷӯраев, бо овардани далелҳои ба гуфтаи худаш мӯътамад, бархе аз додрасҳо, аз ҷумла Фахриддин Додометов, Нур Нуров ва Улуғбек Маҳмадшоевро дар баррасии ғайримунсифонаи парвандаҳо, ба хусус парвандаи гурӯҳи 33-нафарии мансуб ба Низомхон Ҷӯраев, соҳиби пешинаи корхонаҳои спирт ва кимиёи Исфара ва қазоватҳои ноодилона мутаҳҳам донистааст.

Аммо ин додрасҳо иддаъо доранд, ки нашрияҳо матолиби худро бидуни санҷидани далелҳои оварда дар изҳороти адвокат Ҷӯраев чоп кардаанд. Улуғбек Маҳмадшоев, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, « Ман ҳамчун шаҳрванд ба додгоҳ муроҷиат кардам. Зеро қонуни матбуот вайрон шудаааст. Пеш аз чоп кардан бояд меомаданд ва месанҷиданд. Як чизро насанҷида ва гапҳои буда ва набударо навишта чоп кардан, дуруст нест.»

Афзун бар ин Улуғбек Маҳмадшоев мегӯяд чунин амалкарди нашрияҳоро метавон навъе тӯҳмат дар нисбати додрасҳои Додгоҳи олӣ ва шаҳри Душанбе донист. Ин дар ҳолест, масъулони нашрияҳои «Озодагон», «Фараж» ва «Азия-плюс» аз чунин ранг гирифтани қазия дар тааҷҷубанд.

Зеро он гуна, ки Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи мустақили «Озодагон» гуфт, ин ҳафтаномаҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳар гуна пайомадҳои номатлуб, изҳороти Солеҳҷон Ҷӯраевро бо каме ихтисор чоп кардаанд, «мо ба унвони ҳафтанома чи таҳқир ва тӯҳмате кардем ба онҳо? Дар ҳоле, ки мо ба хотири риояти меъёр, ба хусус ба хотири Нуров ва он шахсияти дигаре ки дар ҳукумати Тоҷикистон ҳастанд, фақат гуфтем, ки як чунин сӯҳбате шудааст, сабти ин сӯҳбат дар дасти мост. Ва худи Нуров ин сӯҳбатро инкор накарданд. Ва гуфтанд, ки «ман бидуни мақсади тӯҳмат кардан ба раиси Суди Олӣ тӯҳмат кардам, то аз Ҷӯраев халос ёбам.»

Афзун бар ин Зафари Сӯфӣ мегӯяд, ба хотири риояти қавонини кишвар посухи додрасҳо ба изҳороти Солеҳҷон Ҷӯраев дар шумораи навбатӣ ба чоп хоҳад расид. Аммо сардабири нашрияи «Озодагон» амалкарди додрасҳоро фишор болои матбуот медонад. Зеро ба гуфтаи вай эҳтимол дорад, додрасҳо аз ин тариқ мехоҳанд, то паҳлуҳои нуҳуфтаи қазия, ки дар ниҳоят бар зарарашон тамом хоҳад шуд, дар матбуот чопу ошкор нашавад.

Дар ҳамин ҳол қарор аст, баҳси додгоҳӣ миёни додрасҳо ва нашрияҳои мустақил рӯзи сешанбеи ҳафтаи оянда дар додгоҳи ноҳияи Сино оғоз шавад. Ҳанӯз маълум нест, ки муҳокимаи додгоҳ ба чӣ меанҷомад, аммо додрасони Додгоҳи олии Тоҷикистон, Нур Нуров, маблағи 3 миллион сомонӣ, Улуғбек Маҳмадшоев, 2 миллион сомонӣ ва Фахриддин Додометов, додраси додгоҳи шаҳри Душанбе маблағи 500 ҳазор сомонӣ аз нашрияҳои мазкур ва вакили мудофеъ хостори ҷуброн шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта вазорати кишоварзии Тоҷикистон ҳафтаномаи «Миллат» - ро дар нашри матлаби бӯҳтономез мутаҳҳам донист ва тақозои пардохти 1 миллион сомонӣ товони маънавӣ шуд. Вазорати кишоварзӣ гуфтааст, нашрияи «Миллат» дар як мақолаи худ вазоратро ба фасозадагӣ мутаҳҳам донистааст, ки ин тӯҳмат ба номи ин ниҳоди ҳукуматист. Дар ҳоле, ки ин қазияҳо дар авҷи корзори интихоботи парлумонии Тоҷикистон сурат мегирад, бештари соҳибназарон мегӯянд, ин сайъе барои тарсондани рӯзномаҳои мустақил дар ин шабурӯз аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG