Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поён лағжидани Тоҷикистон дар як шохиси муҳим


Дар арзёбие, ки рӯзи ҷумъа дар Форуми Ҷаҳонии Иқтисодӣ дар Давос нашр шуд, Тоҷикистон аз назари сиёсатгузорӣ дар бахши ҳифзи муҳити зист назар ба соли гузашта баҳои пасттар гирифтааст. Бар асоси арзёбиҳои соли 2009, Тоҷикистон дар миёни 163 кишвар, 22 зина поёнтар лағжида ва дар мақоми 111–ум ҷой гирифтааст. Тоҷикистон соли 2008 дар ин феҳраст дар мақоми 79-ум қарор дошт. Ба сиёсатгузории кишварҳо барои ҳифзи муҳити зист, аз рӯи даҳҳо меъёр аз ҷумла саъйи онҳо барои коҳиши олудагии ҳаво, муҳити зист, тағйири иқлим, баҳрабардории дуруст аз манобеъи обӣ, гуногунии олами набототу ҳайвонот ва кишоварзӣ баҳо медиҳанд. Имсол Исландия барои сиёсатгузориҳояш ҷиҳати коҳиши олудагии ҳаво ва истифодаи дуруст аз манобеъи табиӣ дар мақоми аввал ҷой гирифтааст.
XS
SM
MD
LG