Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози бозпурсии Тонӣ Блейр дар бораи ҷанги Ироқ


Тонӣ Блейр – нахуствазири собиқи Бритониё, ҳоло дар ҳузури ҷомеа ба суолҳо доир ба тасмимаш ҷиҳати фиристодани нерӯҳо барои ҷанг дар Ироқ посух медиҳад. Ҳафт сол пеш, ҳукумати Бритониё ба Амрико пайваста ва нерӯҳояшро барои ҷанг ба Ироқ фиристод. Дар расми пурсиши Тонӣ Блейр доир ба ҷанги Ироқ, аъзои хонаводаҳои даҳҳо сарбози бритониёӣ ҳузур хоҳанд дошт, ки ё дар ҷанги Ироқ кушта ва ё бенишон шудаанд. Дар бозҷӯии мазкур, таваҷҷӯҳ асосан ба он иттилоъотест, ки бо такя ба он ҳукумати Бритониё ҷанг дар Ироқро тавҷеҳ карда ва нерӯҳояшро ба онҷо фиристод. Амрико ва Бритониё гуфта буданд, ҷанг бар зидди Ироқ зарур аст, зеро Саддом Ҳусайн бо силоҳҳои куштори ҷамъӣ хатар эҷод мекунад. Созмони Милал барои ин ҷанг иҷоза надода буд ва пайдо нашудани силоҳҳои куштори дастаҷамъӣ дар Ироқ суолҳо доир ба ҷангро бештар кард.
XS
SM
MD
LG