Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фурӯши саҳмияҳои Роғун ба 700 млн сомонӣ расид


Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон

Маблағи умумӣ аз фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун то имрӯз 701 миллион сомониро ташкил дод. Ин хабар дар гузориши Сафаралӣ Наҷмидинов, вазири молияи Тоҷикистон, дар ҷаласаи солонаи ҳукумат садо дод.

Ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон субҳи ҷумъа бо гузориши Фаррух Ҳамроалиев, вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, оғоз ёфт. Оқои Ҳамроалиев, ки тоза ба ин вазифа таъин шудааст, аз бурду бохти иқтисоди Тоҷикистон дар соли гузашта иттилоъ дод ва дурнамои фаъолиятҳои ниҳодаш барои соли 2010–ро баён кард.

Дар ҷаласаи солона Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дастур додааст, ки ҳар даҳаи моҳ ҳаҷми маблағҳое, ки аз фурӯши саҳмияҳо ба даст омадааст, дар расонаҳо эълон шавад ...
Дар ҳамин ҳол Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, гуфт, аз фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун, ки аз 6 январ шурӯъ шуд, то кунун 701 миллион сомонӣ маблағ ҷамъ ба даст омадааст.

Оқои Наҷмиддинов афзуд, «дар давоми 23 рӯз ба суратҳисоби нерӯгоҳи Роғун дар бонкҳои Тоҷикистон 667 миллиону 197 ҳазору 124 сомонӣ маблағ ворид гардидааст. Ҳанӯз як бахши дигари маболиғ дар бонкҳо ҳастанд ва ба суратҳисоби нерӯгоҳ нагузаштаанд. Ба сурати умум маблағи ҷамъшуда ба 701 миллион сомонӣ мерасад».

Иттилои дақиқ дар бораи саҳмияҳои Роғунро мақомот ва бонкҳои Тоҷикистон пинҳон медоштанд. Аммо ин тасмими мақомот бо эътирозҳои мардум ва расонаҳо мувоҷеҳ шуд.

Қарор аст ҷаласаи ҳукмати Тоҷикистон ду рӯз идома кунад ва дар ҷаласаи рӯзи аввал ҳамчунин гузоришҳои раисони Кумитаи андоз Нусратулло Давлатов, хадамоти гумрук Гурез Зарифов, Бонки миллӣ Шариф Раҳимзода, Бонки давлатии «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов ва роҳбарони бонкҳои саҳҳомӣ шунида шуд.

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод изҳор дошт, ки тасарруфи ғайриқонунии 70,5 млн сомонӣ маблағи буҷа аз корхона ва муассисоти давлатӣ ошкор гардида, аз ин ҳисоб 38 млн сомонӣ дубора барқарор ва ба хазинаи давлат баргардонида шудааст.

Дар ҷаласаи солонаи ҳукумат, ки одатан тағйироти кадрӣ дар пай доранд, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, аз фаъолияти Додгоҳи олӣ ва Додситонии кулл шадидан интиқод кард. Оқои Раҳмон гуфт, фаъолияти ҳам додгоҳ ва ҳам додситонӣ дар соли гузашта аз камбудиҳои ҷиддӣ орӣ набудааст.

Ҳамчунин раисҷумҳури Тоҷикистон аз фаъолияти ширкати «Барқи тоҷик» изҳори нигаронӣ карда, дар худи ҷаласа се муовини раиси ин ширкатро аз вазифаҳо озод кард. Зимнан, раиси ин ширкат низ дар ду ҳафтаи қабл аз мақомаш барканор карда шуда буд. Вале аз сӯи дигар дар ин ҷаласа ишора шуд, ки дар муқоиса бо солҳои пешин вазъи таъминоти аҳолӣ бо неруи барқ беҳтар шудааст.

Тибқи иттилои дафтари раёсатиҷумҳур, дар ҷаласаи солона Эмомалии Раҳмон дастур додааст, ки ҳар даҳаи моҳ ҳаҷми маблағҳое, ки аз фурўши саҳмияҳо ба даст омадааст, дар расонаҳо эълон шавад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин дастур додааст, ки ҷиҳати назорати харҷи маболиғ ва таъмини шаффофият дар истифоаи он як кумиссиюни ҷамъиятие иборат аз намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳои Тоҷикистон ташкил дода шавад.

Ҷаласа ҷамъбастии ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 30 январ низ идома хоҳад дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG