Пайвандҳои дастрасӣ

Авҷ гирифтани талошҳо барои музокира бо Толибон


Талошҳо барои музокирот бо Толибон дар Афғонистон афзоиш ёфтааст. Ҳомиди Карзай – раиси ҷумҳури Афғонистон, дирӯз аъзои ин гурӯҳро ба мусолиҳа даъват кард ва дар мавриди музокироти махфии намояндаи Созмони Милал бо Толибон ҳам гузориш мешавад. Рӯзи панҷшанбе дар ҳамоиши байналмилалӣ дар мавриди Афғонистон, раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзай, он аъзои Толибонро, ки бахши шабакаҳои терористӣ нестанд Қонуни Асосии Афғонистонро мепазиранд, ба мусолиҳа даъват кард. Ҳамид Илмӣ - сухангӯи ҳукумат гуфт, имсол аз Толибон даъват хоҳанд кард, то дар Шӯрои Лоя Ҷирга ширкат намоянд. Дар таҳаввулоти дигаре, як мақоми Созмони Милал гуфтааст, ки Кай Эйде - намояндаи ин созмон дар Афғонистон бо аъзои Толибон дар шаҳри Дубай мулоқоти пинҳонӣ доштааст.
XS
SM
MD
LG