Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати шаш сарбози Озарбойҷон дар воҳиди низомӣ


Вазорати дифоъи Озарбойҷон мегӯяд, дар як ҳодисаи тирандозӣ дар воҳиди низомие дар ин кишвар шаш сарбоз кушта шуданд. Бино ба гузориши бахши озарии Радиои Озодӣ, дирӯз 28 январ ду сарбоз аз мусалсал ба тарафи ҳамхидматони худ оташ кушода чаҳор нафарро кушта ва ду тани дигарро маҷрӯҳ карданд. Сипас ба гуфтаи вазорати дифоъ, ҳарду он сарбоз силоҳро ба сӯи гардонда ва худкушӣ кардаанд. Маҳалли ин воҳиди низомиро ошкор накардаанд. Барои таҳқиқи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
XS
SM
MD
LG