Пайвандҳои дастрасӣ

Шуруи ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат


Субҳи имрўз ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба кор шурӯъ кард. Дар ин иҷлос аз натоиҷи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2009 баррасӣ мешавад. Дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат, ки ду рўз идома хоҳад ёфт, тамоми раисони шаҳру навоҳии кишвар ва раҳбарони ниҳодҳову сохторҳои давлатӣ ширкат меварзанд ва дар бораи фаъолияти яксолаи худ ҳисобот медиҳанд. Вале коршиносон аз ин иҷлоси ҳукумат имкони тағйироти кадрӣ дар ҳукуматро интизоранд. Чун анъана чунин нишастҳои солона таҳти раёсати раисиҷумҳур бо истеъфои иддае аз раҳбарони мақомоти кишвар анҷом меёбад. Дар ҷаласаи соли гузаштаи ҳукумат раисиҷумҳур тақрибан ҳамаи масъулони вазорат ва ниҳодҳои давлатиро мавриди сарзаниш қарор дода буд. Дар пайи ин ҷаласа раисони ширкатҳои «Барқи тоҷик» ва «Тоҷикгаз»-ро барои фаъолияти номуассир аз вазифа барканор шуданд.
XS
SM
MD
LG