Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши Тоҷикистон дар рушду суботи Афғонистон


Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар Конфронси Афғонистон дар Лондон гуфт, таҷрибаи сулҳи тоҷикон метавонад дар амри сулҳу суботи кишвари ҳамсоя муфид бошад.

Ҷаноби Зарифӣ афзуд, Тоҷикистон як намунаи мӯҳими мусолиҳаи миллиро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ амалан нишон дод ва роҳҳои ҳамоиши гурӯҳҳои мухталифро таъмин кард.

Вазири хориҷии Тоҷикистон Созишномаи сулҳи тоҷиконро дар назар дошт, ки як ҷанги панҷсолаи, ба истилоҳ, бародаркуш дар дохили Тоҷикистонро поён дод.

  • Истифодаи намунаи сулҳи тоҷикон дар Афғонистонро аксари таҳлилгарони масоили минтақа дуруст мешуморанд. Аммо баъзе аз соҳибназарон мегӯянд, шояд на ҳамаи банду фаслҳои ин созишнома тавонад вазъи амалии кишвари ҷангзадаро дар бар гирад.
  • Дар масъалаи рушди тавонмандии иқтисодии Афғонистон Ҳамрохон Зарифӣ пешниҳод кард, ки барои эҳёи бахши саноат, кишоварзӣ, обёрию обрасонӣ ва масолии дигари иқтисодӣ эҳдоси нерӯгоҳи барқи обии «Даштиҷум» нақши муҳим хоҳад бозид.
  • Бар асоси тарҳи «Даштиҷум», ин нерӯгоҳ тавони истеҳсоли 4000 мегаватт барқ дар як солро хоҳад дошт, ки метавонад беш аз 100 ҳазор ҳектор замини Афғонистонро обшор кунад ва соҳаи саноати ин кишварро бо барқ таъмин созад.
  • Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин чанд тарҳи муҳими иқтисодӣ барои Афғонистонро пешниҳод кард ва гуфт, роҳандозии ин тарҳҳо дар тавсеаи равобити Афғонистон бо кишварҳои ҳамсоя ва рушди иқтисоди кишвар нақши бориз хоҳад дошт.
  • Ин тарҳҳо марбут ба бунёди роҳҳои оҳану мошингузар ва лӯлаи газ аз Туркманистон ба Тоҷикистон тавассути хоки Афғонистон, эҳдоси хатҳои барқ дар чаҳорчӯби тарҳи минтақавии мавсум ба CASA-1000 ва хати барқи 220-киловолтаи Тоҷикистон-Афғонистон аст.

Ҷаноби Зарифӣ дар нишасти Лондон ҷиддӣ будани вазъи амниятӣ, аз ҷумла нокифоягии тавонмандии нерӯҳои марзбонии Афғонистонро таъкид кард, ки ниёз ба дастгирӣ дорад.

Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард, ки метавонад дар роҳи боло бурдани сатҳи ҳирфаии нерӯҳои марбонии Афғонистон дасти ёрӣ дароз кунад.
XS
SM
MD
LG