Пайвандҳои дастрасӣ

Эйде музокироти махфияш бо "Толибон"-ро рад кард


Раиси дафтари СММ дар Афғонистон Кай Эйде иттилоъро дар бораи музокироти махфияш бо раҳбарони ҷунбиши “Толибон” қатъан рад кард. Бархе хабаргузориҳо навиштанд, ки музокироти Кай Эйде бо мухолифини ҳукумати Афғонистон рӯзи 8 январ дар Дубай сурат гирифтааст. Дипломати СММ гуфт, ки ӯ дар Дубай ҳамагӣ чанд лаҳза дар роҳ ба сӯи Кобул таваққуф карда буд ва аммо дар ин муддат ягон музокирот доир кардан имкон надошт. Кай Эйде афзуд, ки ӯ ин гуна хабарҳоро ташреҳ намекунад.
Дар конфаронси байнулмилалӣ оид ба Афғонистон, ки рӯзи панҷшанбе дар Лондон баргузор шуд, дар бораи ҷудо кардани 140 миллион доллар барои Бунёди тозатаъсиси мусоидат ба вуруди афроди мусаллаҳ ба зиндагии осоишта тасмим гирифта шуд. Кобул мехоҳад, ки бо толибони аз хушунат дастбардошта музокирот кунад ва онҳоро барои ҳамкорӣ мойил созад.
XS
SM
MD
LG