Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенати ИМА тарҳи таҳримҳои нав алайҳи Эронро пазируфт


Сенати Амрико тарҳи қонун дар бораи таҳримҳои шадидтар алайҳи Эронро пазируфт. Ин санад ба раисиҷумҳури ИМА ваколат медиҳад, ки дар қаламрави кишвар фаъолияти ширкатҳои содиркунандаи бензин ба Эрон ва муассисаҳои сармоягузор ба бахши энерҷии Эронро маҳдуд созад. Аз ин пеш як тарҳи дигари марбут ба шадидтар кардани таҳримҳо алайҳи Теҳрон аз сӯи Маҷлиси намояндагони ИМА пазируфта шуда буд. Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик Вошингтон бастаи нави таҳримҳо алайҳи Эронро ба Шӯрои амнияти СММ пешниҳод кунад.
Дар ҳамин ҳол Чин бо пешниҳоди Вошингтон барои ҷорӣ кардани таҳримҳои шадидтар алайҳи Эрон мувофиқ нест. Янг Ҷичи, вазири умури хориҷаи Чин, дар конфаронси байнулмилалӣ оид ба Афғонистон дар Лондон таъкид кард, ки қазияи барномаи ҳастаии Эрон бояд фақат аз роҳи дипломатӣ ҳаллу фасл шавад. Ӯ ин мавзӯъро дар долонҳои конфаронс бо ҳамтои амрикоияш Ҳилларӣ Клинтон баррасӣ намуд. Хонум Клинтон мутмаин аст, ки мавқеъи Эрон ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ интихоберо ба ҷуз афзоиши фишор болои ин кишвар боқӣ нагузоштааст.
Теҳрон мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш аҳдофи осоишта дорад ва аммо кишварҳои Ғарб Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG