Пайвандҳои дастрасӣ

Чин ҷонибдори ҳалли қазияи Эрон аз роҳи дипломатист


Чин хостори эҳёи музокирот бо Теҳрон оид ба барномаи ҳастаии Эрон шуд. Янг Ҷичи, вазири умури хориҷаи Чин, дар конфаронси байнулмилалӣ оид ба Афғонистон дар Лондон таъкид кард, ки қазияи барномаи ҳастаии Эрон бояд фақат аз роҳи дипломатӣ ҳаллу фасл шавад. Ӯ ин мавзӯъро дар долонҳои конфаронс бо ҳамтои амрикоияш Ҳилларӣ Клинтон баррасӣ намуд. Хонум Клинтон мутмаин аст, ки мавқеъи Эрон ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ интихоберо ба ҷуз афзоиши фишор болои ин кишвар боқӣ нагузоштааст. Вазири умури хориҷаи ИМА рӯзи панҷшанбе мавзӯъи имкони шадидтар кардани таҳримҳо алайҳи Теҳронро бо ҳамтоҳояш аз Британия, Фаронса, Олмон ва Италия баррасӣ кард.
Теҳрон мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш аҳдофи осоишта дорад ва аммо кишварҳои Ғарб Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG