Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истирдоди фаъоли ҲИУ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон


Мақомоти Қазоқистон яке аз фаъолони бахши Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) дар ноҳияи Исфара Идрис Сатторовро ба Тоҷикистон истирдод карданд. Ба иттилоъи хабаргузории “Азия плюс”, Идрис Сатторов охирҳои соли гузашта аз сӯи марзбонҳои Қазоқистон боздошт шуда буд. Ба гуфтаи масъулини раёсати умури дохилаи вилояти Суғд, сокини ноҳияи Исфара дар чанд ҷиноят, аз ҷумла, куштор, ташкили гурӯҳои ҷиноӣ ва узвият дар гурӯҳи ҷиноӣ гумонбар мешавад. Идрис Сатторов, ки аз 14 марти соли 2006-ум мавриди пайгард қарор дошт, ба боздоштгоҳи муваққати шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуд.
XS
SM
MD
LG