Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин мушкили шабакаи нави телевизионии Гурҷистон


Шабакаи телевизионии “Первый кавказский”, ки аз Гурҷистон бо забони русӣ барномаҳо пахш мекунад, рӯзи панҷшанбе аз истифодаи маҳвораи мухобиротии Фаронса маҳрум монд. Хабаргузории “Интерфакс” бо такя ба расонаҳои гурҷӣ гуфтаҳои раиси шабака Зураб Двалиро овардааст, ки "айни ҳол намояндагони “Первый кавказский” дар Порис бо ҷониби Фаронса мавзӯъи истифода аз ин моҳвораро баррасӣ мекунанд".
Шабакаи “Первый кавказский” аз рӯзи 15 то 28 январ барномаҳои озмоишии худро пахш кард. Ин шабака ҳамин моҳ аз сӯи Телевизионии ҷамоатии Гурҷистон таъсис гардид.
XS
SM
MD
LG