Пайвандҳои дастрасӣ

Шикоят аз имкониятҳои нобаробари номзадҳо


Мирзоалӣ Болтуев, раиси Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Тоҷикистон

Мирзоалӣ Болтуев, раиси Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Тоҷикистон

То ҳол на ҳамаи номзадҳои мустақил шаҳодатномаи номзадӣ гирифтаанд ва мегӯянд, бе санад наметавонанд, вориди сабқат шаванд. Барои бархе аз номзадҳо марбут ба мансубияти ҳизбии онҳо ҳамаи дарҳо бозанд, барои бархи дигар ҳамаи дарҳо баста.

Ҳарчанд раиси Кумиссюни марказии интихобот Мирзоалӣ Болтуев мегӯяд, фурсати таблиғоти интихоботӣ фаро расидааст, вале тавре як мусоҳиби мо дар кӯчаҳои Душанбе гуфт, чунин менамояд, ки довталабони курсиҳои парлумонӣ ҳеҷ нест, ки аз «хоби зимистона» бархезанд.

Як номуайянии бузургро маҳдуд кардани таблиғ дар чаҳорчӯби барномарезиҳои ҳавзаҳои интихоботӣ ба вуҷуд овардааст. Аз як сӯ ҳамаи мулоқотҳо бояд тибқи ин барнома сурат гиранд ва аз сӯи дигар, номзадҳое ҳақ доранд, ба чунин мулоқот бо рақибони худ наоянд.

Раҳматилло Зоиров номзад аз Ҳизби сосиал-демократии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Озодӣ дар мавриди иҷтиноб варзидани номзадҳои Ҳизби ҳокими халқии демократӣ аз мулоқотҳои муштарак бо рақибони худ аз аҳзоби мухолиф гуфт, шояд онҳо метарсанд, ки дар суолуҷавобҳои рӯбарӯ ҳарифонашон бартарӣ нишон диҳанд.

Оқои Зоиров ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кард, ки мулоқотҳои муштарак тибқи сенария ва бо суолҳои аз пеш барномарезишуда мегузаранд.

Номзадҳои мухолиф ҳамчунин аз он шикоят мекунанд, ки номзадҳои ҳизби ҳоким дар муқоиса бо дигарон ба истифода аз толори корхонаву муассисаҳои воқеъ дар ҳудуди ҳавза дастрасии комил доранд ва ин дар ҳолест, ки соири муддаиён аз чунин имкон маҳруманд.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, номзад аз Ҳизби наҳзати исломӣ дар ҳавзаи Сомонии пойтахт, мегӯяд, масъулони ин ҳавза то ба ҳол нақшаи мулоқоти номзадҳоро омода накардаанд ва ӯ ба фарқ аз номзадҳои ҳизби ҳоким то кунун натавонистааст бо интихобкунандагонаш боре ҳам мулоқот кунад.

«Мо аз таҷрибаи он ки тибқи қонуни аҳзоби сиёсӣ ҳеҷ ҳизбе бидуни ҷойи зисти аъзои хеш ё худи ҳамин шаҳрванд ташкилоти ибтидоӣ таъсси дода наметавонад. Мутаассифона, ҳизби ҳоким ин имкониятҳоро дорад. Дар тамоми ниҳодҳои таълими сиёсӣ ва идораҳои мухталиф ташкилоти хешро таъиси додааст, на ҷойи зист. Вале агар чунин як корро ҲНИТ пешниҳод кунад, мегӯянд ки Шумо хилофи қонун рафтор мекунед».

Ба эътиқоди номзади ҲНИТ ҳарчанд масъулон ошкоро муроҷиати онҳо барои ташкили мулоқот бо мардумро рад намекунанд, вале бо баҳонаҳои мухталиф иҷоза ҳам намедиҳанд.

Мирзоали Болтуев раиси Комиссияи Марказии Интихобот дар посух ба ин шикоятҳо гуфт, дар воқеъ ҳеҷ як номзад ҳуқуқ надорад, ки хориҷ аз нақшаи ҳавзаи интихоботи иқдом кунад. Вале оқои Болтуев боз ҳам танҳо дар хидмати номзадҳои ҳизби ҳоким будани муассисаҳои ҷамъиятиро тасдиқ намекунад: «Инҳо назди мо график кардагӣ, аз 1 феврал вохӯриҳояшон сар ман мешаванд. Ман намедонам кадом номзад аз пеши худаш куҷо рафтааст. Бояд ҳавза озод бошад ва роҳбари ҳавза бо номзадҳо бошад.»

Артис Пабрикс, раиси ҳайъати нозироони САҲА дар Душанбе мегӯяд, ки феълан рисолати онҳо танҳо назорати ҷараёни сабқат аст ва онҳо ҳаққи интиқод аз таққалубҳо ва ҷилавгирӣ аз якатозиҳоро надоранд: «Мутаассифона, ҳоло ман ба ин суол дақиқ ҷавоб дода наметавонам. Чунки танҳо ду ҳафта аст, ки кори худро анҷом дода истодааем. Ва мо ҳоло то рӯзи интихобот ба ягон кас ягон хел тавсия дода наметавонем, чӣ гуна амал кунанд. Мо ҳоло танҳо маълумот ҷамъоварӣ карда истодаем ва онро таҳлил карда истодаем. Ва танҳо дар рӯзи интихобот метавонем баҳо диҳем, ки интихобот чӣ гуна гузашт.»

Бо ин вуҷуд, ки то интихоботи парлумонии Тоҷикистон ҳамагӣ як моҳи дигар боқӣ мемонад, то ҳол тақрибан ягон овеза ё тоблуи таблиғотие дар кӯчаву хиёбонҳои, масалан Душанбе, дида намешавад, ки мардумро аз қариб омадани ин маърака дарак диҳад.

Аҳзоби сиёсӣ ва ҳамин тавр номзадҳо ҳам, тавре ба назар мерасад, дар пешбурди маъракаҳои таблиғотии худ аз марзи мулоқотҳои алоҳидаи расмӣ бо интихобкунандагон фаротар нарафтаанд. Минбари шабакаҳои телевизиону радио низ аз наворҳои таблиғии аҳзоб ва номзадҳо то ҳол холист.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG