Пайвандҳои дастрасӣ

Караҷич вақти бештар мехоҳад


Раҳбари сербҳои босниягии даврони ҷанг Радован Караҷич гуфт, ки дигарбора дархости мутаваққиф шудани мурофиаи додгоҳиашро тақозо мекунад, чунки барои омӯзиши санадҳову иттиҳомоти зидди худаш ба вақти бештар ниёз дорад. Бо чунин изҳорот Караҷич имрӯз дар додгоҳи ҷиноятҳои ҷангӣ барои Югославияи собиқ дар шаҳри Гаага суханронӣ кард. Караҷич бидуни кӯмаки вакилон дар муқобили 11 иттиҳоми марбут ба наслкушӣ, ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳои зидди башарият аз худ ҳимоят мекунад. Дар додгоҳ ҳодисаҳои солҳои 1992-1995-и ҷанги Босния мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Мурофиаи додгоҳӣ дар таърихи 1 октябри соли гузашта бидуни ҳузури ӯ шурӯъ шуд, аммо баъди дархости Караҷич оид ба додани фурсати бештар барои омӯзиши парвандаи ҷиноиаш мурофиа то рӯзи 1 март мутаваққиф шуд.
XS
SM
MD
LG