Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти Лондон."Оғози нав" барои ояндаи Афғонистон


Бо эҳёи таваҷҷӯҳи дубора ба масъалаҳои Афғонистон ҳамоиши байнулмилалии Лондон самтгириҳои нави марбут ба ояндаи Афғонистонро тарҳрезӣ кард. Яке аз онҳо таҳвили масъулияти амният бар дӯши нерӯҳои Афғонистон ва дигаре сулҳ бо толибон аст.

Бино ба эълоне, ки дар конфаронси масъалаҳои Афғонистон, дар Лондон садо дод, охирҳои имсол раванде сар мешавад, ки дар ҳоли муваффақияташ заминаро барои хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон фароҳам хоҳад кард. Сарвазири Бритониё ва мизбони конфаронс, Гордон Браун, гуфт, аз ин лиҳоз ҳамоиши Лондон оғози давраи гузор аст.
Дар ҳоле ки воқеан амният як унсури асосист, набояд танҳо рӯи он тамаркуз кард. Мо ба як стратегияи фарогири сиёсӣ ниёз дорем, ки на ҳамчун илова ба стратегияи ҳарбӣ бошад, балки бахше аз муносибати мавзуни ҳарбиб мулкӣ ва сулҳу оштӣ як ҷузъи таркибии он...

Браун гуфт: "Ин конфаронс аломати оғози гузариш аст ва ҳамоҳангкунандаи шартҳои интиқоли масъулияти амният ноҳия ба ноҳия, вилоят ба вилоят, аз нерӯҳои байнулмилалӣ ба нерӯҳои афғон ва мардуми Афғонистон."

Браун афзуд, дар ин байн ҳарду, ҳам нерӯҳои афғон ва ҳам байнулмилалӣ тақвият хоҳанд дид. Конфаронс қарор кард, ки Афғонистон бояд то моҳи октябри соли 2011 шумораи ҳарбиёнашро ба 171 600 ва полисро ба 134 000 нафар расонад. Ҷамъан ин шумора бояд ба 300 000 нафар расад дар қиёс бо нерӯҳои байнулмилалӣ, ки 135 000 нафар мебошанд.

Ҳамзамон Браун паём дод, ошӯбгароне, ки шартҳои бозгашт ба ҳаёти осоиштаро намепазиранд ва аз хушунат даст намекашанд, ҳадафи зарба қарор хоҳанд гирифт. Браун аз тарҳи шашқисматаи президенти Афғонистон дар бобати оштии миллӣ, рушди иқтисодӣ, мудирияти беҳтар ва решаканкунии фасод ситоиш кард.

Карзай дар конфаронс гуфт, ҳукумати ӯ тасмим гирифтааст, Шӯрои миллии сулҳу оштиро таъсис диҳад. Ба думболи ин анҷумани миллӣ ё "лоя ҷирга" бояд тарҳи оштиро баррасӣ кунад. Ин тарҳ ба толибҳое, ки аз хушунат даст мекашанд, ҷои кор ва ҳавасмандиҳои иқтисодӣ пешниҳод мекунад.

Карзай ҳамчунин аз Арабистони Саудӣ даъват кард, дар сулҳи Афғонистон нақши бориз дошта бошад ва кишварҳои ҳамсоя, махсусан Покистон, аз талошҳои сулҳ пуштибонӣ кунанд.

Дар ҳоле ки дар конфаронс оғози афзоиши нақши низомиёни афғон дар поёни соли 2010 як сарҳисобе унвон шуд, аз замонбандии хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ сухане садо надодааст. Ҳанӯз пеш аз конфаронс, Карзай гуфта буд, ҳузури нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон бояд 5-10 соли дигар идома кунад ва баъд аз он низ кӯмаки ҷаҳонӣ ба Афғонистон идома ёбад.

Бо ҳадси ин ки оғози таҳвили масъулияти кишвар бар дӯши низомиёни афғон мумкин аст, аз тарафи толибон ё пайравони ал-Қоида нишонаи нокомии нерӯҳои байнулмилалӣ дониста шавад, вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон гуфт, набояд ин тарҳ "стратегияи хуруҷ" пиндошта шавад. Амрико иштибоҳи солҳои 1990-ро такрор нахоҳад кард.

Вале ба ҳар ҳол, ин конфаронс ба як бознигарӣ ва сайқалёбии равобити байни Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфт. Ин нуктаро Дабири кулли СММ, Бан Ки-мун дар миён гузошт.

Бан Ки-мун гуфт, "дар ҳоле ки воқеан амният як унсури асосист, набояд танҳо рӯи он тамаркуз кард. Мо ба як стратегияи фарогири сиёсӣ ниёз дорем, ки на ҳамчун илова ба стратегияи ҳарбӣ бошад, балки бахше аз муносибати мавзуни ҳарбиб мулкӣ ва сулҳу оштӣ як ҷузъи таркибии он."

Собиқ сафири Амрико дар СММ, Залмай Халилзод дар рӯзи ифтитоҳи конфаронси Лондон дар "Файнаншл Таймс" навишт, агар ҷангро бурданӣ бошем, бояд иқтисодиёти Афғонистонро тақвият диҳем. Бисёре аз шикарткунандагони конфаронс, ки вазирони умури хориҷӣ ва намояндагони наздик ба 70 кишвари ҷаҳонанд, низ пешниҳод карданд, ки ҳамзамон бо тақвияти низомӣ тақвияти иқтисодии Афғонистон яке аз ҳадафҳои асосӣ бошад.

Аз ҷумла вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ тарҳҳои мушаххаси иқтисодиро ба конфаронс пешниҳод кард, ки бунёди роҳҳои мошингузар ва оҳан, хатҳои барқ ва лӯлаи газ аз Туркманистон ба Тоҷикистон тавассути хоки Афғонистонро дар назар доранд.

Дар ҳоле ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ваъдаи идомаи кӯмакҳои молӣ ба Афғонистонро кард, Дабири кулли СММ, Бан Ки-мун гуфт, акнун бояд ҳукумат ва Афғонистон пешгом шавад, ки чигуна метавон ваъдаҳоро ба воқеъият табдил дод.
XS
SM
MD
LG