Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар робита ба як матлаби интиқодии ҳафтаномаи мустақили «Миллат» ба додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шикоят бурдааст.

Назрулло Додобоев, сухангӯи ин вазорат ба радиои Озодӣ гуфт, далел як мавод таҳти унвони «Вазорати кишоварзӣ - фасодзадатарин ниҳод» аст, ки дар шумораи 49-ум аз 10 декабри соли гузашта дар ҳафтаномаи «Миллат» ба нашр расидааст.

Дар сурати ин дафъа қонеъ кардани даъвои Вазорати кишоварзӣ нисбати ҳафтаномаи "Миллат" ба маҳдуд кардани озодии сухан меорад ...
Вай афзуд, ҳафтанома кормандони соҳаро дар истифодаи ноҷо ё дуздии беш аз 5 миллион сомонӣ муттаҳам кардааст. Оқои Додобоев гуфт, масъулини вазорат аз ҳафтанома исботи арқомро талаб кардаанд, аммо ҳуҷҷате ба онҳо пешниҳод нашудааст.

Дар ҳамин ҳол Зойири Давлат, сардабири ҳафтаномаи «Миллат мегӯяд, посухи вазорати кишоварзиро нашр кардаанд ва манбаи хабар низ расмист: «Ин хабари мо нест. Ба ҷуз мо ин хабарро дигар расонаҳо низ нашр кардаанд».

Сардабири «Миллат» мегӯяд, хабар бар асоси суханронии Сафаралӣ Гулов, раиси Кумитаи буҷаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон нашр шудааст, ки дар як ҷаласаи парлумон гуфта буд.

Вай меафзояд, «дар зерсохторҳои ин вазорат оиди хариди таҷҳизоти фаннӣ бо мақсади аз худ кардани маблағҳои давлатӣ аз ҷониби шахсони масъул, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо, бо роҳи нақдкунии маблағ тавассути ширкатҳои хусусӣ такрор меёбад. Умуман, тафтиши гузаронидашуда зарари молиявиро ба маблағи 5, 2 миллион сомонӣ ошкор сохт, ки ин нисбат ба зарари молиявии ошкоргардида дар ҷамъбасти соли 2008 ду маротиба зиёд буда, аз он танҳо 50 дарсади маблағҳо ба давлат барқарор карда шудаасту халос».

Назрулло Додобоев, сухангӯи вазорати кишварзӣ мегӯяд, ин иттилоъ беасос аст. Вай афзуд, барои ҷуброни зарари маънавиву ҳифзи обрӯву эътибори ниҳод 1 миллион сомонӣ тақозо мешавад.

Ин дуввумин маврид тайи се моҳи ахир дар Тоҷикистон аст, ки як ниҳоди давлатӣ нашрияи мустақилро ба додгоҳ мекашад ва ба чунин маблағи дар шароити Тоҷикистон ҳангуфт ҷарима мехоҳад. Қаблан оҷонси «Тоҷикстандарт» муваффақ шуд дар як қазияи додгоҳӣ ва низ ҳифзи обрӯву эътибори ниҳод бар ҳафтаномаи «Пайкон» пирӯз шавад. Додгоҳ «Пайкон»-ро 300 ҳазор сомонӣ ҷарима баст.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ мегӯяд, як вазъи нигаронкунандае дар матбуоти Тоҷикистон пеш омадааст. Вай афзуд, ниҳодҳо ҳаққи қонунии муроҷиат ба додгоҳҳоро доранд, аммо ҷаримаҳое, ки онҳо мехоҳанд, ғайривоқеӣ ҳастанд.

Ҷаноби Қаршибоев мегӯяд, «моҷарои миёни «Тоҷикстандарт» ва «Пайкон», ки додгоҳ товони зарари зиёдро ба ҳаҷми 300 ҳазор сомонӣ, ки қариб 69 ҳазор доллари амрикоӣ мешавад, муқаррар кардааст ва дар сурати ин дафъа қонеъ кардани даъвои Вазорати кишоварзӣ нисбати ҳафтаномаи «Миллат» ба маҳдуд кардани озодии сухан меорад. Расонаҳои Тоҷикистон чунин имкониятро надоранд, ки ҷаримаҳои ҳангуфтро пардозанд. Аз ин хотир, онҳо метавонанд аз байн раванд ва майдони озодии сухан дар Тоҷикистон хароб шавад».

Тоҷикистон як моҳ пас интихоботи парлумонӣ дорад. Иддае аз коршиносон дар остонаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ фишор ба расонаҳои мустақил аз ҷониби ҳукуматро баъид намедонанд, зеро дар гузашта низ қабл аз интихоботҳо далоили фишор ба чашм хӯрдааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG