Пайвандҳои дастрасӣ

Ошкоршавии норинҷаке дар наздикии пойгоҳи Русия


Хабаргузориҳои русӣ иттило медиҳанд, ки субҳи панҷшанбе дар наздикии гарнизони низомии пойгоҳи 201-уми Русия дар Душанбе як норинҷак ошкор ва безарар гардонда шудааст. Як манбаъ дар вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Интер-Факс гуфтааст, ки норинҷаки навъи РГД-5-ро бидуни ҳалқаи инфиҷораш як шаҳрванди Тоҷикистон пайдо карда ба милиса хабар додааст. Гурӯҳи вижаи минарӯбон баъдан ин норинҷакро дар як маҳалли бехатар хунсо карданд. Ҳодисаи мазкур ҳоло аз рӯи банди 195-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон оид ба нигаҳдошти ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мунфаҷира мавриди таҳқиқу тафтиш қарор дода шудааст. Низомиён мегӯянд, ки норинҷаки дастии РГД-5 110 грам тротил дошта дар сурати таркидан метавонад масофаи 25-30 метрро хароб кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG