Пайвандҳои дастрасӣ

"Барқи тоҷик" қарз аз "Сангтӯда-1"-ро мепардозад


Абдулло Ёров, раиси нави ширкати «Барқи тоҷик»

Абдулло Ёров, раиси нави ширкати «Барқи тоҷик»

Абдулло Ёров, раиси нави ҳолдинги «Барқи тоҷик» эълон кард, ки ин ширкат 96 миллион сомонӣ қарзи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1»-ро марҳила ба марҳила пардохт хоҳад кард.

Сафаралӣ Саъдуллоев, муовини раиси ширкати «Барқи тоҷик», гуфт, дар ҳоли ҳозир миёни ширкати «Барқи тоҷик» ва идораи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» мушкиле вуҷуд надорад ва нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» мизони интиқоли нерӯи барқро коҳиш нахоҳад дод. Ин нуктаро муовини раиси ширкати «Барқи тоҷик» дар як нишасти матбуотӣ баён дошт.

Дар ҳамин нишаст Абдулло Ёров, раиси ширкати «Барқи тоҷик», дар мавриди наҳваи баргардонии қарзи Тоҷикистон гуфт, тибқи як ҷадвали мушаххас «Барқи тоҷик» марҳила ба марҳила ин қарзро хоҳад пардохт. Ба гуфтаи ӯ, «Барқи тоҷик» дар соли гузашта барои бароварда сохтани ниёзҳои дохилии кишвар аз нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ва хориҷ ҳудуди 300 миллион киловатт-соат барқ харидорӣ кардааст.

Раиси ширкати «Барқи тоҷик» ҳамчунин эълон кард, ки дар соли 2009 ин ширкат ҳудуди 14,2 миллион киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол намудааст, ки назар ба як соли қабл 5 дарсад камтар аст. Вай сабаби коҳиши истеҳсоли нерӯи барқро ба сатҳи поини об дар обанбори Норак дар соли гузашта ва кам шудани истифодаи барқ аз сӯи корхонаҳои азим, аз ҷумла ширкати Талко рабт дод.

Ба гуфтаи ҷаноби Ёров, «Барқи тоҷик» дар соли гузашта барои бароварда сохтани ниёзҳои дохилии кишвар аз нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ва хориҷ ҳудуди 300 миллион киловатт-соат барқ харидорӣ кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG