Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳисоботи солонаи ширкати "Барқи тоҷик"


Раёсати ширкати «Барқи тоҷик» эълон кардааст, ки дар соли 2009 ин ширкат ҳудуди 14,2 миллион киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол намудааст, ки назар ба як соли қабл 5 дарсад камтар аст. Абдулло Ёров, раиси навтаъини ширкати «Барқи тоҷик» бо ироаи ҳисоботи кори яксолаи ширкат дар як нишасти матбуотӣ сабаби коҳиши истеҳсоли нерӯи барқро ба сатҳи поини об дар обанбори Норак дар соли гузашта ва кам шудани истифодаи барқ аз сӯи корхонаҳои азим, аз ҷумла ширкати Талко рабт дод. Ба гуфтаи ӯ, «Барқи тоҷик» дар соли гузашта барои бароварда сохтани ниёзҳои дохилии кишвар аз нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ва хориҷ ҳудуди 300 миллион киловатт-соат барқ харидорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG